Вохурии кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо ҳайати шахсии батальёни 2-юми кисми ҳарбии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  

 Санаи 17 феврали соли 2020 аз ҷониби кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо ҳайати шахсии батальёни 2-юми  кисми ҳарбии 051056 Гвардияи милли Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ гузаронидашуда, котиби судии суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд капитани адлия Искандарзода Илҳомҷон Саттор доир ба мавзўи “Сўиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият — моддаи 391 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пеш аз оғоз намудани баромадаш доир ба мавзуи болозикргардида, ба хизматчиёни ҳарбӣ иброз намуда, ёдовар кард, ки бо Қарори Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 баҳри амалӣ сохтани адолати судӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, баъдтар бо Қарори Президуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳои ҷумҳурӣ – Душанбе, Хуҷанд, Хатлон ва пас аз он Хоруғ таъсис ёфтаанд.

Судҳои ҳарбӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои байналхалқӣ ва дигар қонунҳо, амал мекунанд, фаъолияти судхои ҳарбӣ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шахрвандоне, ки аз ҷамъомади ҳарбӣ мегузаранд ва дигар шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қисмҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои ҳарбӣ, мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқи, ба таҳкими лаёқат ва омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои мусаллаҳ, интизоми ҳарбӣ ва тартиби муайянкардаи гузаштани хизмати ҳарбӣ, равон карда шудааст.

Баромади имрузаи ман доир ба содир намудани ҷиноятӣ  сўиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият, ки аз талаботи моддаи 391 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, бахшида шудааст.

 Моддаи 391. Сиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият

1) Суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад,-

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то нҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ба мҳлати то ду сол, ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. (қҷт аз 17.05.04 №35); «қҷт 21.07.2010 №617»

2) Ҳамин кирдорҳо, агар боиси расонидани зарари миёна ё вазнини ба саломати инсон гардида бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

3) Ҳамин кирдорҳо, агар:

а) аз беэҳтиёти сабаби марги инсон;

б) боиси дигар оқибатҳои вазнингашта бошад, —

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад. (қҷт аз 17.05.04 №35)

4) Кирдорҳои дар ҳамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содиршуда бошад,-

бо маҳрумсохтан аз озодӣ ба мҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи тафсиршаванда аз чор қисм иборат буда, объекти бевоситаи ҷиноят ин фаъолияти мушаххаси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон мебошад. Объекти иловагии он шахсият (ҳаёт ва саломатӣ) ба ҳисоб меравад. Тарафи объективии ҳамин ҷиноят аз кирдорҳои зерин иборат аст: 1) сиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ; 2) аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан; 3)  бефаъолиятии ҳокимият мебошад.

 

Барои муайян кардани ҳолати сиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ зарур аст муқаррар намоем, ки кадом намуди ваколат ва дар кадом ҳаҷми барои ин шахси мансабдор пешниҳод шуда, систеъмол шудааст. Барои ин бояд муайян карда шавад, ки аз ри кадом санадҳои меъёри ҳуқуқии соҳаи ҳарбӣ (Оиномаҳо, Дастурамалҳо, Низомномаҳо, Фармонҳо) доираи ваколатҳои мансабӣ ё хизматии сардор ё дигар шахси мансабдор муайян карда шудааст. Қонунгузор аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, ин содир намудани ҳаракатеро дар назар дорад, ки ба пуррагӣ аз сарҳади ваколатҳои шахсони мансабдори ҳарбӣ берун мебарояд. Сиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан бо он фарқ мекунад, ки дар ҳолати аввал шахси мансабдори ҳарбӣ дар доираи салоҳиятҳои худ хилофи манфиатҳои ҳокимият ё мақоми хизматӣ амал мекунад, дар ҳолати дуюм бошад,  аз доираи ваколатҳои мансаб ё хизматии худ берун мебарояд. Аз ри тарафи объективиашон маълум аст, ки сиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ ва аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан дар шакли ҳаракати фаъолона сурат гирифта, бефаъолиятии ҳокимият бошад дар беҳаракатӣ ифода меёбад.

Ғайр аз он, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои шахсони мансабдори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (сардорон), доираи ваколатҳои ҳокимиятӣ ва хизматии онҳо аз тарафи санадҳои ҳуқуқии соҳаи ҳарбӣ (Оиномаҳо, Дастурамалҳо, Низомномаҳо) ба танзим дароварда шудааст, муайян намудани чунин ваколатҳо аз ри санадҳои дахлдор барои таркиби ин ҷиноят ҳатмӣ мебошад. Аломати ҳатмии тарафи объективии ин ҷиноят фаро расидани оқибатҳои ба ҷамъият хавфнок мебошад. Чунин оқибатҳо дар намуди расонидани зарари ҷиддӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунии хизматчиёни ҳарбӣ ё ба дигар шаҳрвандон ифода мегардад. Ҷой доштани зарари ҷиддӣ аз ҳолатҳои мушаххаси кор вобаста буда, аз ҷониби мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва судӣ муайян карда мешавад. Муқаррар намудани алоқаи сабабӣ ва оқибатҳои ба миён омада ҳатмӣ аст. Тарафи субъективии ҷиноят дар гуноҳи қасдона ифода мегардад. Субъекти ин ҷиноят-хизматчиёни ҳарбие, ки шахси мансабдор мебошанд. Ба шахсони мансабдори ҳарбӣ пеш аз ҳама, сардорҳо аз ри вазъияти хизматӣ ва ё рутбаи ҳарбӣ, ки дорои зердастон буда, ҳуқуқи додани фармонҳо ва талаб кардани иҷрои онҳоро доранд, дохил мешаванд (ниг. боби 2 Оиномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ), инчунин ба шахсони мансабдори ҳарбӣ хизматчиёни ҳарбие дохил мешаванд, ки зердастон надошта, муваққатан ё доимо вазифаҳоеро ишғол мекунанд, ки ба иҷрои функсияҳои муайяни ташкилию амрдиҳӣ ё маъмурию хоҷагидорӣ алоқаманданд. (Масалан мудири анбор, мудири шъбаи коргузории ситоди қисми ҳарбӣ, инструктори санитарӣ ва амсоли инҳо) на фақат афсарон ва генералон, прапорщикҳо, сержантҳо ва старшинаҳо, балки хизматчиёни қаторӣ, ки муваққатан ё доимӣ ин ё он мансабро соҳибанд, метавонанд шахсони мансабдори ҳарбӣ эътироф шаванд. (Мисол дар моддаи 19 Оиномаи 3-юми қушунҳои сарҳадӣ наряди калони сарҳадӣ аз ҷумла сарбози қаторӣ мешавад).

Чи тавре дар боло қайд карда шуд қисми 1-и моддаи 391 КҶ ҶТ ҷавобгариро барои ба ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи Қувваҳои мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон расонидани зарари ҷиддиро муқаррар кунад, ҳамин кирдорҳо, агар боиси расонидани зарари миёна ё вазнин ба саломатии инсон гардида бошад бо қисми 2 моддаи 391 КҶ ЧТ бандубаст карда мешавад.

Дар баробари ин аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад, дар қисми 3 моддаи 391 КҶ ЧТ пешбинӣ карда шудааст.

Дар қисми 4-и ҳамин модда ҷавобгарӣ барои дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг содир намудани сиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ; аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимиятиро муқаррар менамояд.

Мавриди қайд аст, ки хизмати ҳарбӣ навъи махсуси хизмати давлатӣ буда, яке аз принсипҳои сохтмони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарӣ ба он ва муносибатҳои байниҳамдигарии байни хизматчиёни ҳарбӣ ин яккасардорӣ ба шумор меравад. Яккасардорӣ дар он зоҳир мешавад, ки ба командир (сардор) дар муносибат бо зердастон ҳокимияти пурраи амрдиҳӣ пешниҳод мегардад ва  дар назди давлат оид ба ҳама паҳлҳои ҳаёту фаъолияти қисми ҳарбӣ ва зиндагии ҳар як хизматчии ҳарбӣ масъулияти шахсӣ ба ҳда дорад. Ҷиноятҳои шахсони ҳарбии мансабдор, ки бо сиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ; ё баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ ё  бефаъолиятии ҳокимият содир карда шудаанд, барои тартиботи ҳуқуқии ҳарбӣ хавфи калони ҷамиятӣ доранд, онҳо ба фаъолияти мътадили дастгоҳи идоракунии ҳарбӣ, манфиатҳои таъмини омодагии доимии ҷангии қшунҳо зарар мерасонанд ва ин омилҳо хусусияти хоси ҷиноятҳои мансабии ҳарбиро муқаррар менамояд.

Ҳозирини гиромӣ дар охир қайд карданиам, ки суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Оиди пурзр намудани мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, корупсия, терроризм», «Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор» ва Паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишварамон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронии он кас дар машварати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти роҳбарӣ ва иҷроиши доимии худ қарор дода, адолати судиро дар Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомии ҷумҳурӣ амалӣ сохта истода, ҳамаи чораҳоро баҳри он меандешад, ки касе беасос маҳкум нашавад ва шахсони ҷиноят содир карда бе ҷазо намонанд.

 

              Дар  баромади худ доир ба мавзўи «Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо» котиби маҷлиси судиии суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд капитани адлия Додихудозода Оятулло Аламшо қайд намуд, ки Оинномаҳои ҳарбӣ тартиби муносибатҳои хизматчиёни ҳарбиро чӣ дар ҷои хизмат ва берун аз ҷои хизмат ба танзим медарорад.

Интизоми ҳарбӣ ҳар як хизматчии ҳарбиро вазифадор месозад, ки барои обрўю шарафи Қувваҳои Мусаллаҳро баланд бардоштан бояд эътибори қисми ҳарбиаш, рутбаи ҳарбиашро эҳтиром намояд. Дар байни ҳамхизматонаш хоксору ботаҳаммул бошад, бо хизмати намунавию маданияти баландаш ибратомўзи дигарон бошад. Ҳамчунин берун аз ҳудуди қисми ҳарбӣ сазовори номи нек бошад ва ба таври қатъӣ талаботҳои ахлоқи ҷомеъа ва ҳарбиро риоя намояд. Ҳамзамон тартиботи ҷамъиятиро риоя намуда, дигаронро аз содир кардани рафтори ношоиста боздорад.

Барои муомилаи байни ҳамхизматонаш бояд ҳамеша рафоқати низомиро риоя намояд.

Риоя накардани талаботҳои оинномавии муносибатҳои байни ҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ ба манфиати тартиботи ҳарбӣ, ба таъмини омодабошии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳ зарари ҷиддӣ мерасонад.

Махсусан вайрон кардани талаботҳои оинномаҳо дар ҳолатҳои истифодаи зроварӣ нисбати дигар хизматчиёни ҳарбӣ хавфнок буда, ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад.

Ҷиноят ба муқобили қоидаҳои муқаррарнамудаи оинномаҳои ҳарбӣ оид ба муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо, ки дар таҳқири мунтазам, паст задании шаъну эьтибор, шиканҷа, расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ ва дигар ҳаракатҳо, ки моддаи 373 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, равона карда шудааст. Талаботи асосии ин тартибот дар Оиннномаи хизмати дохила ва Оинномаи интизомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон дарҷ гардидааст.

Зери мафҳуми вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарӣ намудҳои мухталифи зроварии як гурҳи хизматчии ҳарбӣ нисбати хизматчии ҳарбии дигар, ки дар таҳқири мунтазам, паст задани шаъну эътибори онҳо, шиканҷа ё расонидани зарари сабук ба саломатӣ, ки боиси бад шудани саломатӣ гардидааст ё дар ғайриқонунӣ маҳрум карда аз озодӣ, ки бо мақсади таъмин намудани худ бо шароити осони хизмат, пайдо кардани бартарӣ дар байни хизматчиёни ҳарбӣ, зери итоати худ даровардани  ҳамхизмати худ, инчунин аз дигар ҳиссиётҳо, аз он ҷумла аз ҳиссиёти авбошӣ, бо сабабҳои кинаю адоват ё низои миллӣ ё маҳалгароӣ бо паст задани ҳиссиёти миллии хизматчиёни ҳарбӣ содир мегарданд, дар назар дошта мешавад.

Вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ ба таври мушаххас дар маҷбур кардани ҷабрдида ба иҷрои амалҳои эътибори шахсии ро пасткунанда, хизмати шахсӣ расонидан ба хизматчиёни ҳарбии собиқадор, ба ҷои онҳо иҷро намудани вазифаҳои хизмати ҳарбӣ  ва дигар шаклҳои таҳқир зоҳир мегардад. (Мисол: зран гирифтани пшоки ҳарбӣ, хрокворӣ ва дигар арзишҳои моддӣ). Ҳамаи ин амалҳо чун қоида бо истифодаи зроварӣ ва ё таҳдиди истифодаи он содир карда мешаванд.

Тибқи талаботи моддаи 373 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон он кирдорҳое банду баст карда мешаванд, ки агар онҳо чӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ  ва чӣ берун аз он содир шуда бошанд. Моддаи мазкур дар он ҳолат татбиқ карда мешавад, ки байни гунаҳгор ва ҷабрдида тобеияти хизматӣ вуҷуд надошта бошад.

Ҷинояти бо моддаи 373 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубастшаванда метавонад бо беҳурматии ошкоро нисбати хизматчиёни ҳарбӣ, дағалона вайрон намудани тартиботи дохилии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, истироҳати муқаррарӣ ё фароғати ҳайати шахсӣ, дар кшиши бартарии худро нишон додани хизматчии ҳарбии қаблан ба хизмат даъватшуда нисбати наваскарон содир шавад.

Мувофиқи қисми 1 моддаи 373 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо, ки дар таҳқири мунтазам, паст задани шаъну эътибор, шиканҷа, расонидани зарари сабук  ба саломатӣ, ки боиси бад шудани саломатӣ гардидааст ё дар ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ зоҳир мегардад.

Нишонаҳои зарари сабук ба саломатӣ инҳоанд:

а) ба мҳлати ктоҳ хароб шудани саломатӣ;

б) андаке ба таври устувор аз даст додани қобилияти меҳнатӣ.

Қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ кардааст, ки ҳамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) нисбати ду ва зиёда шахсон;

в) аз ҷониби гурҳи  шахсон, гурҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гуруҳи муташаккил;

г) бо истифодаи яроқ;

д) бо расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ содир шудааст ва ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардидааст, — (ҚҶТ аз 17.05.04 №35)

Ҷиноят нисбати ду ва зиёда шахсон дар як вақт ё дар вақтҳои гуногун содир шуда метавонад. Агар вайронкунии қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ нисбати ҳамон як шахс, вале дар вақтҳои гуногун содир шуда бошад, барои банду баст кардани ҷиноят бо банди «б»-и моддаи 373 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон асос шуда наметавонад.

Ҷиноят аз ҷониби гурҳи шахсон он гоҳ бо маслиҳати пешакӣ содиршуда эътироф карда мешавад, ки агар дар он ду ё бештар шахсон барои содир кардани ҷиноят пешакӣ маслиҳат карда бошанд.

Окибатҳои вазнини ҷинояти вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ (қисми 2 моддаи 373 КҶ) ин аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардидан, ҳамчунон ба худкушӣ расонидани ҷабрдида сиқасди  эътироф карда мешавад. Вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар баъзе ҳолатҳо (масалан ҳангоми қаровулӣ зимни баҷооварии навбатдории ҷангӣ) на танҳо ба ҳалокат оварда расонидани одамон, балки ба вайрон кардани қоидаҳои иҷро намудани ҳдадориҳои ҳарбӣ  ва дигар оқибатҳои вазнин низ оварда мерасонад. Ин оқибатҳо асос барои банду басти ҷиноят бо банди «д» қисми 2   моддаи 373 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад.

Агар ба ҳаракатҳои  ғайриоинномавии сарбози  қаторӣ сержант, ки ҳам нисбати гунаҳгор ва ҳам нисбати ҷабрдида ҳамчун сардор ба ҳисоб меравад, ҳамроҳ шуда бошад, он гоҳ, кирдори сарбози каторӣ бо моддаи 373 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон,  кирдори сержант бошад,  ҳамчун шахси мансабдор, бо моддаи 391 КҶ ҶТ банду баст карда мешавад.

Агар дар содир намудани ҷиноят бо ҳамроҳии хизматчии њарбї ҷабрдида дар тобеияти хизматӣ қарор надорад, зертобеи  иштирок дошта бошад, он гоҳ кирдори шахси якум бо моддаи 373 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, кирдори зертобеи  бо банди «в» қисми 2 моддаи 373 ҳамин Кодекс ҳамчун аз ҷониби гурўҳи ашхос ё гурўҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ банду баст карда мешавад.

Вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчунон боиси содир шудани ҳаракатҳои зўроварии дорои хусусияти шаҳвонии бачабозӣ ё дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ шуда метавонад. Дар ин ҳолатҳо кирдори гунаҳгорон дар маҷмўъ ҷиноятҳои дар моддаҳои 139, 140, 373 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо ташкил мекунад.

Вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар маҷмъ бо моддаҳои 373 ва 369 ё 370 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон он дар ҳолате банду баст карда мешавад, ки агар онҳо боиси муқобилият нишон додан ё маҷбур кардани сардор ё шахси дигаре, ки иҷрои вазифаи сардорро ба ўҳда дорад ё содир кардани ҳаракатҳои зўроварӣ нисбати сардор вобаста ба вазифаҳои хизматии онҳо шуда бошанд.

Бо ҳамин, вохӯрии байни кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ва ҳайати шахсии батальёни 2-юми қисми ҳарбии 051056 Гвардияи милли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид.