ВОХӮРИИ СУДЯИ СУДИ ҲАРБИИ ГАРНИЗОНИ ХУҶАНД ИБРОҲИМЗОДА И.И. ВА ЁРДАМЧИИ РАИСИ СУД, КАПИТАНИ АДЛИЯ РАҲМОНЗОДА Ш. БО ҲАЙАТИ ШАХСИИ ҶУЗЪУ ТОМҲОИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 0215 ҚС КДАМ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Санаи 06 июни соли 2024 судяи Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Иброҳимзода И.И. ва ёрдамчии раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, капитани адлия Раҳмонзода Ш.В. бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 03040 Вазорати мудофиа вохӯрӣ гузаронида, ҷиҳати фаҳмондадиҳии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули пояҳои давлатдории миллӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» вобаста ба пешгирии ҳама гуна қонунвайронкуниҳо ва содиршавии ҷиноят баромад намуда, барои ноил гардидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат ба зухуроти хатарҳои замони муосир, зиракию хушёри ва амнияту ҳимояи Ватанро талаб намуданд. Инчунин дар бораи «Муносибати ғайриоинномавӣ дар байни хизматчиён» сӯҳбату вохӯри намуда, корҳои фаҳмондадиҳи гузарониданд.
Баромади судяи Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Иброимзода И.И. ва ёрдамчии раиси Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, капитани адлия Раҳмонзода Ш.-ро тамоми ҳайати шахсии қисми ҳарбии 03040 якдилона дастгири намуданд.