Санаи 24 феврали соли 2024 судяи Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, подполковники адлия Насриддинзода Нигина Негмат бо ҳайати шахсии афсарону прапоршикон ва сержантону сарбозон тибқи даъват вохӯрӣ намуда, доир ба омӯзиш ва татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир намуда, ҷиҳати иҷро ва амалӣ намудани вазифаҳои низомномавӣ, пешгирии содиршавии ҷиноят, риояи қонуният ва интизоми хизматӣ дар байни ҳайати шахсии ҷузъу томи қисми ҳарбӣ, дуруст пеш бурдани рафти хизмат ва ба камбудӣ роҳ надодани хизматчиёни ҳарбӣ, хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва худсарона тарк намудани маҳалли хизмат ё муносибати хунукназарона ба уҳдадориҳои хизматӣ, баҳри андешидани тадбирҳои судманд дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҷараёни суханрониҳо полполконик Насриддинзода Н. қайд намуд, ки хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбӣ аз ҷумла афсарону прапоршикон ва сержантону сарбозони тибқи даъват бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода, Паёми Пешвои миллатро дастурамали рӯимизӣ қарор дода, дар фаъолияти хизматӣ мавриди истифодаи самаранок қарор диҳанд.