Санаи 27 майи соли 2024 Вохӯрии раиси Суди ҳарби гарнизони Хуҷанд, подполковники адлия Аҳмадзода А., судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Иброҳимзода И.И. ва котиби маҷлиси судии суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, майори адлия Искандарзода И. ва роҳбарияти Кумитаи вилоятӣ бо ҳайати кормандони Кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, полполковники адлия Аҳмадзода А. дар вохӯрӣ бо ҳайати кормандони Кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сараввал оид ба шукрона намудан аз соҳибистиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз, Ватану ободу зебо, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди босуботи кишвар, дастовардҳои ҳамарӯзаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода гузашта, қайд кард, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли марифати ҳуқуқӣ» эълон карда шудааст. Рамзи соли марифати ҳуқуқӣ намуди доирашакл дошта, гирдогирди рамзро хаттӣ доирашакли сабз фаро гирифтааст, ки нишонаи сарсабзию шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва адабият мебошад. Дар қисми болоии рамз бо забони тоҷикӣ соли марифати ҳуқуқӣ, ки ифодагари моҳияи рамз мебошад навишта шуда, дар қисмати поёни он рамзи шараф-тире шохи баргдори дарахти лавр бо тасмаи серахаи печида, ки ифодакунандаи рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ҷой гирифтааст, дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз-китоби кушода, офтоби оламро ва тоҷдасти шоҳӣ ҷой дода шудааст. Китоби кушода таҷассумкунандаи минбаъдаи дониш, Конститутсия ва қонун, таълиму тарбия ва хирад, офтоби оламро-рамзи нур, гармӣ, шифо, саховатмандӣ ва тоҷдасти шоҳӣ бо тасвири нимдавраи офтобӣ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзи Ваҳдати миллӣ, иқтидори давлат ва роҳнамою равшандиҳанда мебошад. Дар қисми поёни давра рақами «2024» нишон дода шудааст. Чӣ хеле, ки Пешвои миллат дар Паём қайд намуданд, мақсад аз қабули Қарор дар бораи соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардиданд, ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад. Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад. Ҳамзамон, афзуд, ки дар Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани маърифтаи ҳуқуқии шаҳрвандон, аз даст надодани хушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза бо экстремизм ва терроризм мавқеи махсусро ишғол намудааст. Аз ҷумла қайд гашт, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавии босуръат барои ҷавонону наврасон мавқеи худро дар ҷомеа дуруст муайян намудан ва фирефтаи молу мулк нагардидан ва ё идеологияи ғаразнок нашудан ҳар яки мо бояд дучанд корҳои фаҳмондадиҳиву профилактикиро иҷро карда, нагузорем, ки насли наврасу ҷавонон фирефта ва шомили гуруҳҳои шубҳанок гарданд. Моро хушёриву зиракии сиёсӣ, соҳибмаърифтӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва ватандустӣ беш аз ҳарвақта зарур аст. Аз ин сабаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо махсус қайд менамоянд, ки соҳибмаърифат бошем, илмҳоро аз худ намоем, худогоҳу хештаншинос бошем, бегонапарастӣ накунем ва ватани худро ҳифзу ободтар намоем.
Судяи Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд — Иброҳимзода И.И. ба иштирокчиёни ҷамъомад доир ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал истода гузашта, қайд намуд, ки ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як рӯйдоди нодири таърихӣ гардид, зеро имсол мардуми Тоҷикистон бо ифтихори бузург ҷашни 30- солагии қабли Конститсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз, Паёми навбатӣ як ҳуҷҷати шоистаи таърихӣ, роҳнамо ва барномаи саодати мардум башумор меравад. Дар заминаи таҳлили амиқ ва дақиқи рӯйдодҳои соли 2023, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти зиёде ба бор овард. Пешвои миллат нерӯи муҳтадири халқи азизи хешро эътироф намуда, таъкид доштанд: «Соли 2023 мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тарақи додани давлати соҳибистиқлоламон неру. Имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем». Ин бовар ва эътимоди сарвари давлат ба фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва садоқати мардуми хеш дар баробари руҳбаландии халқ ҳисси масъулиятшиносӣ ва рисолати бузурги созандагиро боло мебарад ва мардуми тоҷик дар садоқату ормоншиносӣ, ташаббускориву ободкорӣ пойбанди тамаддуни гузаштаи хеш ҳастанд. Ҳамин тавр, барои такмили рукни муҳими оини ватандорӣ ва худшиносии миллӣ, ки дар шароити нави таърихи ҷомеаи мо ба он ниёз дорад таваҷҷӯҳ ба омӯзиши мероси таърихиву фарҳангӣ ва тарғиботи он барои ҷаҳониён, аз ҷумлаи рисолати бузурги аҳли зиё донишмандону олимон, шоирону нависандагон, васоити ахбори умум баҳисоб меравад. Барои ҳамин мо вазифадорем, ки дар навбати аввал ин дастуру раҳнаморо ҳамчун чароғи ҳидоят ба самти рӯшанӣ пазирифта, барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби оини давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва таъмини ваҳдати миллӣ якҷоя талош варзем. Чунон, ки таъкид шуд: «Корро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон тарзе ташкил кунем, ки дар раванди созандагӣ ҳарб як шаҳрванди мамлакат шарик ва саҳмгузор бошад».
Дигар иқдомҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат аз он шаҳодат медиҳад, ки баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, дутстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон тавсияи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ, таъмини истиқлолияти энергетикиву амният озуқаворӣ, афзудани некуаҳолии мардуми кишвар ҳамоно ҳадафҳои меҳварии роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошанд.
Котиби маҷлиси судии Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, майори адлия Искандарзода И.С. дар баромади хеш қайд намуд, ки дар таърихи давлатдории навини Ватани соҳибистиқлоли мо 6 ноябри соли 1994 ҳамчун санаи муборак сабт шудааст, зеро дар ин рӯз бори аввал Конуститутсияи кишвар чун санади таърихии арзишманд, ки баёнгари истиқлолияти давлатӣ, таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии мамлакат, кафолати амният, осудагии шаҳрвандон ва раҳнамои самтҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, бо иродаи мардум, бо тарзи райпурсии умумихалқӣ пазируфта шуда буд. Ин санади давлатӣ, ки барҳақ номи Бахномаи миллатрор гирифтааст, барои ноил шудан ба ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ, эмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мусоидат намуд.
Конститутсия чун қонуни асосии давлат ифодакунандаи муҳимтарин принсипҳои ҳаёти ҷомеа буда, озодии инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд. Вай ба омили муҳими устувории ҳаёти сиёсии кишвар табдил ёфта, имрӯз дар асоси он савияи маънавию ҳуқуқии мардум боло меравад, ҳар як шаҳрвандл мамлакат ҳуқуқҳои худро мешиносат ва аз онҳо баҳравар мешавд.
Дар саргаҳи сиёсати имрӯзаи давлат, қабули Конститутсия воқеан демократӣ Асосгузгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистоданд ва алҳол бо ҳидояти ин роҳбари ватадурусти кишвар дар Тоҷикистони азиз волоияти қонун таъмин аст.
Маҳз бо шарофати Конститутсия дар мамлакат фазои мусоиди худшиносии миллӣ, ифтихор ва таърих, забон ва адабиёт, меросу анъанаҳои аҷдодӣ ташаккул ёфтааст. Мардум ба рисолати созандагии худ содиқ монда, давоми сол даҳҳо осорхонаҳои хурду калон, муассисаҳои таълимию фароғатӣ ва иншоотҳои ҳаётан муҳимро бунёд намуда, ба истифода доданд. Ҳамзамон дар бораи риояи ҳатмии Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромади мушаххас намуд.
Дар охири кори ҷамъомад полковник Собирзода Ҷ.М.-роҳбари Кумитаи вилоятиӣ ба полковники адлия Аҳмадзода А.-раиси Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, Иброҳимзода И.И.-судяи суди ҳарбӣ ва майори адлия Искандарзода И.С.- котиби маҷлиси судии Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд изҳори сипосгузорӣ намуда, қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбия ва ба воя расонидани инсони комилу шарафманд ва бо нангу номус барои ҳар як шаҳрванди кишвар тамоми шароитҳои сусоидро фароҳам овардааст. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо содиқона хизмат ва меҳнат намуданро ва Батани хеш, саҳми худро гузоштан дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва гулгулшукуфоии Ватан, тарбияи ватанпарастии ҷавонону наврасон, масъулиятшиносӣ шиори ҳамешагии худ қарор диҳем, дар ҳифзи амнияти он омодаву ҳушёр бошем.