Вохӯрии кормандони суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 3501 Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бахшида ба 30-Солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вохӯрии кормандони суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 3501 Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бахшида ба 30-Солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи нақша-чорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд барои нимсолаи дуюми соли 2021 дар бораи мулоқоту вохӯриҳои кормандони суди ҳарбӣ бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд тасмим гирифта, санаи 24 апрели соли 2021 судяи суди ҳарбӣ полковники адлия Искандарзода Шаҳриёр, котибони маҷлиси судӣ, — майори адлия Аюбзода Осим, капитани адлия Холзода Мирзосолеҳ, котиби судии суди ҳарбӣ, — лейтенанти калони адлия Ҳакимова Мутабар ва котиби суд-мушовири суди ҳарбӣ, — лейтенанти калони адлия Раҳмонзода Шоҳмиддин, бо иштироки командири қисми ҳарбии 3501 Қўшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники Ҷабборзода М.А., бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501 Қўшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мулоқоту вохӯрӣ доир намуда оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 ва ҷиҳати банди 18-и супориши протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2015, таҳти №14 бо мақсади пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо вобаста  бо риояи қонуният, аз ҷумла пурзўр намудани назорат аз болои  рафтори аскарону сарбозон, дуруст ба роҳ мондани омўзиши қонунгузории амалкунанда ва оинномаҳои ҳарбӣ, риояи ҳатмии онҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандўстию давлатдорӣ ҳифзи шоиста аз ҳар як порча сарзамини муқаддаси Тоҷикистони азиз ва  ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баромад намуда, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас доданд.

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 30-Солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.

 

 

 

 

 

Маҷлиси  мазкурро сардори зершуъбаи корҳои сиёсӣ — тарбиявии қисми ҳарбии 3501 Қўшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майор Нурзод Маҳбус Мелс кушода эълон карда, бахшида ба 30-Солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шеъри мазкурро қироат кард.

Файзи Истиқлол дорад, Тоҷикистони азиз,

Шуҳрату иқбол дорад, Тоҷикистони азиз.

Нури Раҳмонӣ гирифта хонадони халқро,

Ҷашни истиқбол дорад, Тоҷикистони азиз.

Эй азизи рафта бозо, аз баҳори он нигар,

Мурғи зарринбол дорад, Тоҷикистони азиз.  Тули сӣ соли накў, бунёд кард Раҳмони мо,

Муждаи ин фол дорад, Тоҷикистон азиз.       Шукр аз бахту насибу қисмати тақдир кун,

Сулҳ дар ҳар ҳол дорад, Тоҷикистони азиз.   Шоҳи меҳан дар пайи амну амонӣ шод зӣ,

Заҳмати сӣ сол дорад, Тоҷикистони азиз.       Пешвои меҳани мо ғамгусори халқ шуд,

Мазраи иқбол дорад, Тоҷикистони азиз,        Бош маҳбубу ҳамеша ғамгусрӣ пеша кун,

Рушд ин  минвол дорад, Тоҷикистони азиз.

Дар навбати худ, котиби суд-мушовири суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, — лейтенанти калони адлия Раҳмонзода Шоҳмиддин доир ба мавзўи «Пешвои миллат ифтихори мост» баромад намуда, вобаста ба он қайд кард, ки 9 уми декабри соли 2015 дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик боз як  саҳифаи дигаре зам  шуд.

Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро қабул намуд.

Лозим ба тазакур аст, ки қабули қонуни мазкур арҷ гузоштан ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои бузургаш дар назди ҳалқу меҳан мебошад. Дар робита ба ин масъала мардуми кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қонуни мазкур баҳри рушду инкишофи минбаъдаи давлатдории миллӣ, сарҷамъии миллат, ҳифзи  арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии кишвар ва таъмини шароити зиндагии арзанда, инкишофи озодона ва рўзгори пурнишоти миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик амри воқеӣ ва иқдоми басо наҷиб маҳсуб менамояд.

Бояд қайд кард, ки маҳз сиёсати хирадмандона ва талошу  заҳматҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки хавфи аз байн рафтани Академияи илмҳоро дар солҳои баъд аз ҷанги таҳмилӣ нигоҳ дошт. Бо мақсади рушду инкишофи илми тоҷик мунтазам аз ҷониби Роҳбари давлат ғамхориҳои зиёд зоҳир гардида, тамоми кўшишу ғайрат ва ҳидояти ин абармарди миллат ба иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба итиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамзамон рушди илмҳои буднёдӣ дар амал тадбиқ гардида истодааст. Имрўз тамоми  шароит барои рушди илм ва робитаи илм бо истеҳсолот, ғамхорӣ дар ҳаққи олимони ҷавон впа корҳои зиёде дар ин самт гувоҳи гуфтаҳои болост. Беҳуда нест, ки мардуми мо сарвари худро Президенти мардумӣ ном ниҳоданд. Чунки ў худ аз байни халқ баромада ба даруду ғами халқ шарик аст.

Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар ҳолати ногувор қарор дошт.

Паёми нахустини Президент аз Иҷлочияи тақдирсози 16 Шўрои Олии Тоҷикистон, ки 19 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд,  сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: «То вақте, ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд.

Солҳои 1993-1996 муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари муноқишаҳо Афғонистону кишварҳои пасошўравӣ ба сармебурданд, пурра ба марзу буми аҷдодӣ баргаштанд ва шахсан бо кўмаки бевоситаи Роҳбари давлат бо мақсади обод гардонидани хисороти ҷанги шаҳрвандӣ маблағҳои зиёде ҷудо намуданд.

Билохира 27 июни соли 1997 имзои  Созишномаи Сулҳи тоҷикон дар шаҳри Москва ба вуқуъ пайваст. Ин натиҷаи  заҳматҳои шабонарўзии Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбарияти мухолифини тоҷик ба хотири қатъи оташи ҷанги бародаркуш бо ҳукумат пайваст, барои барқарории харобаҳои ҷанг ва рушду иқтисоди миллат номҳои боварибахшу устувор гузошта шуд.

Бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рўба рў шуда, аз империяи бузурги собиқ Иттиҳоди Шўравӣ мероси ночизе гирифт, зарари ҷанг беш аз сад миллион долларро ташкил дод, бештар аз 120 000 ҳазор одамон ҷонҳои ширини хешро аз даст дода, иқтисод ва буҷети мамлакат ба сифр баробар шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару ссозанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт. Эълони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона имкон дод, ки сиёсати дохилию берунии мамлакатро таҳти  раҳнамоии Эмомалии Раҳмон аксар кишварҳои абарқудрату нерўманд пазируфтанд.

Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилотҳои мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофии Президенти интихобкардаи хеш Эмомалӣ Раҳмон бо ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Хуб медонанд, ки Эмомали Раҳмон шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ баъди пирўзӣ  дар интихоботи навбатии президентии сол 2020, ҳангоми савгандёкунӣ, бори дигар иброз дошт, ки ў барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳад кард. Бале, ў яке аз фарзандони сарсупуранда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати мо барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунанд.

Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун бадастоварандаи сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дил ҷон  дўст медорад. Баҳри  беҳбудии некўаҳволии халқ ва ободии Ватан азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамешша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ўро халқ дўст медоорад ва чун Роҳбари давлат эътироф мекунад.

Ҳамин дўстдории ўст, ки халқ ўро дар рўзи интихоботи навбатӣ  аз сари нав сарвари худро пазируфтанд. Дар ҳақиқат ў, ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дўстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон  ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи вай сахт марбут аст.

Тўли 29 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани Эмомалӣ Раҳмон кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсоли бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи ўст.

Ба Шумо тани сиҳат, рўзгори обод, бахту иқболи накў, барори кор ва саодати рўзгор таманно дорем.

Орзумандем дар Тоҷикистони мо сулҳу Ваҳдат, тинҷию оромӣ ҳамеша пойдор бошад.

Котиби маҷлиси судии суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд капитани адлия Холзода Мирзосолиҳ Шариф доир ба мавзӯи «Паём ифодаи дастовардҳо», баромад намуда, қайд кард, ки ҳамасола чун анъана Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат баромад менамоянд.  Дар Паём роҳи тайкардаи  солонаи ҷамъбаст карда шуда, нуқтаи назари Сарвари давлат оиди рушди мамлакат ба самъи шаҳрвандони ҷумҳурӣ пешкаш мегардад.

Дар он, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар мавриди таҳлил қарор додашуда, дурнамои мамлакат барои солҳои охир муайян карда мешаванд.

Солҳои охир мушоҳида мегардад, ки Паёми Сарвари  давлат аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамовозии бештар пайдо  намуда, сазовори пайравии халқ дониста мешавад.

Паёми Сарвари давлат сатҳу сифати корбарӣ ва фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва умуман тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар ҳудуди таҷассум намуда, роҳҳои ноил шудан ба ҳадафҳои олии давлату хукуматро нишон медиҳад.

Паёми имсолаи Сарвари давлатро бо мароқ мутолиа намуда, ба хулоса омадам, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат сол аз сол пешравиҳо босуръат идома ёфта, аз Паём то Паём корҳои азими созандагию бунёдкорӣ, иқдомҳои беҳтаргардонии некӯаҳволии мардум амалӣ  гардонида мешавад.

Барои бештар намудани шароити  иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷет ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони маомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурўҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд 50 фоиз зиёд карда шуд.  Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуд.

Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метрии мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда,  даромади пули аҳолии аҳолӣ 10 % афзоиш ёфт.

Соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифташуда, ки бештари онҳо иншоотҳои соҳаҳои  маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супоридашуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи  нави корӣ муҳайё  карда шуданд.

Соли 2020, ҳамчунин, бо рӯйдодҳои басо муҳиму хотирмони худ ба таърихи давлатдории миллии мо ворид гардид.

Дар ин сол мо ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солгии Камоли Хуҷандиро дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмиллалии ЮНЕСКО таҷлил кардем.

Ҳамчунин, бо иштироки фаъолонаи халқи азизамон соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳими сиёсӣ, яккум — интихоботи вакилони  Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Нишондиҳандаҳои дар боло зикргардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки тамоми соҳаҳои иқтисодӣ дар 6-7 соли охир  ба дастовардҳои бузург ноил гардидаанд. Зеро, ки  баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисод, кишоварзӣ, соҳибкорӣ, тиҷорат, нақлиёт ва дига соҳаҳо вобастагии ногусастанӣ дорад.

Имсол яке аз санаҳои муҳим-ташкилёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рост омад. Гарчанде 30 сол  барои таърих давраи тулонӣ нест, бешак Артиши миллиамон натанҳо дар дохил ва минтақа, балки дар радифи Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон имруз нуфузи эътибори хосса пайдо намудааст.

Қувваҳои мусаллаҳ як ҷузъи муҳими давлат ба ҳисобю меравад. Ҳамин аст, ки рўзҳои авали соҳибистиқлолӣ дар дигар соҳаҳо Роҳбарияти олии кишвар ба таъсису бунёди он диққати махсус зоҳир намуданд ва дар фазои  сиёсии солҳои авали Истиқлолияти давлатӣ самти ҳарбӣ яке аз  самтҳои  муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати кишар қарор гирифт.

Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, кафили соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, нерўи таъминкунандаи амнияту суббот ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Қайд кардан зарур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб гардиданашон ба масъалаи кор бо ҷавонон низ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуданд.

Дар Паёми имсола қайд намуданд, ки ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, субботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Бо дастгириву ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонону наврасони кишвар нақш ва мавқеи муайяни худро имрўз чӣ дар ҷои зист, чӣ дар ҷои таҳсил ва чӣ дар кор доро мебошанду сол ба сол дар босуръати иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар навбати аввал ин табақа ба ғамхориву имтиёзҳуои муайян варо гирифта мешаванд. Новобаста аз касбу кор тамоми намояндагони ин қишри ҷомеа зери таваҷҷуҳи Ҳукмату давлати кишварамон қарор доранд.

Вақте, ки Президенти кишвар бо ифтихор мегуянд: «Мо бо ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳороаз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем». Пас моро зарур аст, ки дар шароити кунуни такягоҳи давлат бошем, баҳри равъи мушкилоти ҷойдошта ҳамчун қувваи нерўманд бо пайравӣ аз сиёсати Пешвои миллат тамоми ҷидду ҷаҳди худро дареғ надорем.

Дар ин шабу рўзҳои ҳассос танҳо эҳсоси баланди миллӣ худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва садоқату ҷавонони мо ба ватану миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ хело муҳим мебошад.

Албатта тамоми ислоҳотҳо тавассути қабули қонунҳои муосир ҷавобгў ба талаботи мавҷуда амалӣ гардонида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Сарвари давлат ҳар навбат дар Паёми худ доир ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун сухан намуда, барои қабули қонунҳои нав дастуру ҳидоятҳои судманд медиҳанд.

Дар Паёми имсола низ таъкид гардид, ки ин сиёсат дар оянда низ идома мешавад.

Албатта, тамоми ислоҳотҳо тавассути қабули қонунҳои муосир ҷавобгў ба талаботҳои мавҷуда амалӣ гардонида мешаванд.

Бо максади такмили ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва муқаррар намудани  кафолатҳои иловагӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва манзил ва бо мақсади ба талаботи замонаи муосир мутобиқ намудани танзими муносибатҳои муҳими  ҷамъиятӣ зарур шуморида, кодексҳои нави меҳнат, манзил, кодексҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда мешаванд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки мубориза бар зидди коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи муҳадир, экстремизму терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат  ба шумор рафта, дар оянда низ баҳри пешгирӣ ва ошкор кардани чунин ҷиноятҳои муташаккил чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар доираи Стратегияҳои дар болозикргардида мусаллам аст, ки чандин санадҳои меёрию ҳуқуқӣ баҳри пешгӣ ва ошкор намудани чунин падидаҳои халалдоркунндаи раванди давлати ҳуқуқбунёд қабул кардашуда, баҳри рушди давлату ҷомеа тадбирҳои зиёд пешбинӣ мегардад.

«Истиқлолият — ин нишонаи ҳастӣ, шарти бақои давлати соҳибихтиёр, рамзи саодати миллат, ҳувияту озодӣ, шарафу ифтихори халки тоҷик аст». Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва маънавии мардуми тоҷик нақши босазо  гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеъ, рушду  такомули онҳо дар шароити  мураккаби тағирёии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд.

Қабл аз ҳама, чор ҳадафи стратегӣ:

  1. Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ;
  2. Расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ;
  3. Таъмини амнияти озуқаворӣ;
  4. Саноаткунонии кишвар, ки Ҳукумати кишвар дар меҳвари фаъолияти худ қарор додааст, мунтазам амалӣ гардида истодааст.

Бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат дар мамлакат сулҳу ваҳдат пирўз гашт.

Нақбу пулҳои замонавӣ ва неругоҳҳои барқӣ ва дигар иншоотҳои замонавӣ ҳаётан муҳим бунёд гардиданд. Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт. Ватан ободу мардумонаш шод гардиданд.

Имрўз ҳар фарди бо нангу номусро зарур аст, ки ба қадри ҳар як қатра обу хок ин сарзамини аҷдодӣ, ба қадри шоҳкориҳои азими аср, ба қадри неъматҳои гаробаҳои Ваҳдату Истиқлолияти миллӣ бирасад.

Бо як мақола ё баромад ҳамаи нуқтаҳои Паёми имсоларо маънидод кардан душвор аст. Мо бояд дар кори  ҳаррўзаамон Паёми сарвари давлатро ҳамчун ҳуҷҷати пурарзиши ояндасозу тақдирсоз тарғибу ташвиқ намоем.

Дар охир ҳамаи Шумо афсарону сарбозонро ба наздик омадани ҷашни пуршукўҳ 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба Шумо ва аҳли пайвандонатон саломатии бардавом, рўзгори обод, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои беназирро дар фаъолияти пурсамари хизматиатон орзумандам.

Ҳамеша ба Ватан ва Президенти мамлакат содиқ бошем!

Дар охир аз тарафи кормандони суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ба саволҳои сарбозони қисми ҳарбии мазкур оиди тағйиру иловаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии хизмати ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ» вобаста ба ҷавонон ва ё хизматчиёни ҳарбие, ки маълумоти олӣ доранд, чӣ гуна татбиқ карда мешавад ва ғайра ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.

 

Бо ҳамин ҷамъомади тантанавии бахшида ба 30-Солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид.