Вохӯрии кормандони суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 03377 Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, доир ба 30-Солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вохӯрии кормандони суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 03377 Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, доир ба 30-Солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавзуъҳои «Пешвои миллат ифтихори мост» ва «Паём-ифодаи дастовардҳо».

Тибқи нақша-чорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд барои нимсолаи 2-юми соли 2021 дар бораи мулоқоту вохӯрии кормандони суд бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд тасмим гирифта, санаи 23 августи соли 2021 кормандони суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд полковники адлия Искандарзода Ш., капитани адлия Холзода М.Ш., майори адлия Аюбзода О., лейтенанти калони адлия Ҳакимова М.В., мутахассиси суди ҳарбӣ Матлубзода М.М., дар қисми ҳарбии 03377 Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо иштироки командири қисми ҳарбӣ полковник Файззода Б. бо афсарону сарбозон мулоқоту вохӯрӣ доир намуда оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 ва ҷиҳати банди 18-и супориши протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2015, таҳти 14 бо мақсади пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо вобаста  бо риояи қонуният, аз ҷумла пурзўр намудани назорат аз болои  рафтори аскарону сарбозон, дуруст ба роҳ мондани омўзиши қонунгузории амалкунанда ва оинномаҳои ҳарбӣ, риояи ҳатмии онҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандўстию давлатдорӣ ҳифзи шоиста аз ҳар як порча сарзамини муқаддаси Тоҷикистони азиз ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баромад намуданд ва ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас доданд. 

Мутахассиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Матлубзода Мубина Матлубӣ доир ба мавзўи «Пешвои миллат ифтихори мост» баромад намуда, вобаста ба он қайд кард, ки 9 уми декабри соли 2015 дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик боз як  саҳифаи дигаре зам  шуд. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро қабул намуд.

Лозим ба тазакур аст, ки қабули қонуни мазкур арҷ гузоштан ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои бузургаш дар назди ҳалқу меҳан мебошад. Дар робита ба ин масъала мардуми кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қонуни мазкур баҳри рушду инкишофи минбаъдаи давлатдории миллӣ, сарҷамъии миллат, ҳифзи  арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии кишвар ва таъмини шароити зиндагии арзанда, инкишофи озодона ва рўзгори пурнишоти миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик амри воқеӣ ва иқдоми басо наҷиб маҳсуб менамояд.

Бояд қайд кард, ки маҳз сиёсати хирадмандона ва талошу  заҳматҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки хавфи аз байн рафтани Академияи илмҳоро дар солҳои баъд аз ҷанги таҳмилӣ нигоҳ дошт. Бо мақсади рушду инкишофи илми тоҷик мунтазам аз ҷониби Роҳбари давлат ғамхориҳои зиёд зоҳир гардида, тамоми кўшишу ғайрат ва ҳидояти ин абармарди миллат ба иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба итиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамзамон рушди илмҳои буднёдӣ дар амал тадбиқ гардида истодааст. Имрўз тамоми  шароит барои рушди илм ва робитаи илм бо истеҳсолот, ғамхорӣ дар ҳаққи олимони ҷавон впа корҳои зиёде дар ин самт гувоҳи гуфтаҳои болост. Беҳуда нест, ки мардуми мо сарвари худро Президенти мардумӣ ном ниҳоданд. Чунки ў худ аз байни халқ баромада ба даруду ғами халқ шарик аст.

Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар ҳолати ногувор қарор дошт.

Паёми нахустини Президент аз Иҷлочияи тақдирсози 16 Шўрои Олии Тоҷикистон, ки 19 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд,  сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: «То вақте, ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд.

Солҳои 1993-1996 муҳоҷирони иҷборӣ. ки бар асари муноқишаҳо Афғонистону кишварҳои пасошўравӣ ба сармебурданд, пурра ба марзу буми аҷдодӣ баргаштанд ва шахсан бо кўмаки бевоситаи Роҳбари давлат бо мақсади обод гардонидани хисороти ҷанги шаҳрвандӣ маблағҳои зиёде ҷудо намуданд.

Билохира 27 июни соли 1997 имзои  Созишномаи Сулҳи тоҷикон дар шаҳри Москва ба вуқуъ пайваст. Ин натиҷаи  заҳматҳои шабонарўзии Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбарияти мухолифини тоҷик ба хотири қатъи оташи ҷанги бародаркуш бо ҳукумат пайваст, барои барқарории харобаҳои ҷанг ва рушду иқтисоди миллат номҳои боварибахшу устувор гузошта шуд.

Бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рўба рў шуда, аз империяи бузурги собиқ Иттиҳоди Шўравӣ мероси ночизе гирифт, зарари ҷанг беш аз сад миллион долларро ташкил дод, бештар аз 120 000 ҳазор одамон ҷонҳои ширини хешро аз даст дода, иқтисод ва буҷети мамлакат ба сифр баробар шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару ссозанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт. Эълони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона имкон дод, ки сиёсати дохилию берунии мамлакатро таҳти  раҳнамоии Эмомалии Раҳмон аксар кишварҳои абарқудрату нерўманд пазируфтанд.

Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилотҳои мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофии Президенти интихобкардаи хеш Эмомалӣ Раҳмон бо ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Хуб медонанд, ки Эмомали Раҳмон шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ баъди пирўзӣ  дар интихоботи навбатии президентии соли 2020, ҳангоми савгандёкунӣ, бори дигар иброз дошт, ки ў барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳад кард. Бале, ў яке аз фарзандони сарсупуранда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати мо барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунанд.

Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун бадастоварандаи сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дил ҷон  дўст медорад. Баҳри  беҳбудии некўаҳволии халқ ва ободии Ватан азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамешша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ўро халқ дўст медоорад ва чун Роҳбари давлат эътироф мекунад.

Ҳамин дўстдории ўст, ки халқ ўро дар рўзи интихоботи навбатӣ  аз сари нав сарвари худро пазируфтанд. Дар ҳақиқат ў, ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дўстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон  ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи вай сахт марбут аст.

Тўли 29 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани Эмомалӣ Раҳмон кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсоли бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи ўст.

Ба Шумо тани сиҳат, рўзгори обод, бахту иқболи накў, барори кор ва саодати рўзгор таманно дорем.

Орзумандем дар Тоҷикистони мо сулҳу Ваҳдат, тинҷию оромӣ ҳамеша пойдор бошад.

Котиби маҷлиси судии суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд капитани адлия Холзода Мирзосолиҳ Шариф доир ба мавзӯи «Паём ифодаи дастовардҳо», баромад намуда, қайд кард, ки ҳамасола чун анъана Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат баромад менамоянд.  Дар Паём роҳи тайкардаи  солонаи ҷамъбаст карда шуда, нуқтаи назари Сарвари давлат оиди рушди мамлакат ба самъи шаҳрвандони ҷумҳурӣ пешкаш мегардад.

Дар он, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар мавриди таҳлил қарор додашуда, дурнамои мамлакат барои солҳои охир муайян карда мешаванд.

Солҳои охир мушоҳида мегардад, ки Паёми Сарвари  давлат аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамовозии бештар пайдо  намуда, сазовори пайравии халқ дониста мешавад.

Паёми Сарвари давлат сатҳу сифати корбарӣ ва фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва умуман тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар ҳудуди таҷассум намуда, роҳҳои ноил шудан ба ҳадафҳои олии давлату хукуматро нишон медиҳад.

Паёми имсолаи Сарвари давлатро бо мароқ мутолиа намуда, ба хулоса омадам, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат сол аз сол пешравиҳо босуръат идома ёфта, аз Паём то Паём корҳои азими созандагию бунёдкорӣ, иқдомҳои беҳтаргардонии некӯаҳволии мардум амалӣ  гардонида мешавад.

Барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони маомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурўҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд 50 фоиз зиёд карда шуд.  Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуд.

Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метрии мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда,  даромади пули аҳолии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.

Соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифташуда, ки бештари онҳо иншоотҳои соҳаҳои  маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супоридашуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи  нави корӣ муҳайё  карда шуданд.

Соли 2020, ҳамчунин, бо рӯйдодҳои басо муҳиму хотирмони худ ба таърихи давлатдории миллии мо ворид гардид.

Дар ин сол мо ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солгии Камоли Хуҷандиро дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмиллалии ЮНЕСКО таҷлил кардем.

Дар ин сол мо ҷашнҳои 5500 — Солагиии Саразми бостонӣ ва 700-солагии Камоли Хуҷандиро дар асоси қарори созмонҳои бонуфузи байналмиллалии ЮНЕСКО таҷлил кардем.

Ҳамчунин, бо иштироки фаъолонаи халқи азизамон соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳими сиёсӣ, яккум — интихоботи вакилони  Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Нишондиҳандаҳои дар боло зикргардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки тамоми соҳаҳои иқтисодӣ дар 6-7 соли охир  ба дастовардҳои бузург ноил гардидаанд. Зеро, ки  баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисод, кишоварзӣ, соҳибкорӣ, тиҷорат, нақлиёт ва дига соҳаҳо вобастагии ногусастанӣ дорад.

Албатта бояд тазаккур дод, ки тамоми ислоҳотҳо тавассути қабули қонунҳои муосири ҷавобгў ба талаботи мавҷуда амалӣ гардонида мешаванд.

Бояд тазакур дод, ки Сарвари давлат ҳар набат дар Паёми худ доир ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун сухан намуда, барои  қабули қонунҳои нав дастуру ҳидоятҳои судманд медиҳанд.

Дар Паёми имсола низ таъкид гардид, ки ин сиёсат дар оянда низ идома дода мешавад.

Албатта, тамоми ислоҳотҳо тавассти қабули қонунҳои муосири ҷавобгў ба талаботҳои мавҷуда амалӣ гардонида мешаванд.

Бо мақсади такмили ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва муқаррар намудани кафолатҳои иловагӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва манзил ва бо мақсади ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ зарур шуморида, кодексҳои нави меҳнат, манзил, кодексҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда мешаванд.

Ҳамчунин зикр гарид, ки мубориза бар зидди коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, экстремизму  терроризм яке аз самтҳои  афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат ба шумор рафта, дар оянда низ баҳри пешгирӣ ва ошкор кардани чунин ҷиноятҳои муташакки чораҳои зарурӣ  андешида мешаванд.

Дар доираи Стратегияҳои дар болозикргардида мусаллам аст, ки чандин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ баҳри пешгирӣ ва ошкор намудани чунин падидаҳои халалдоркунанда раванди давлати ҳуқуқбунёд қабул карда шуда, баҳри рушди давлату ҷомеа зиёд пешбинӣ мегардад.

Бо як мақола ё баромад ҳамаи нуқтаҳои Паёми имсоларо маънидод кардан душвор аст. Мо бояд дар кори  ҳаррўзаамон Паёми сарвари давлатро ҳамчун ҳуҷҷати пурарзиши ояндасозу тақдирсоз тарғибу ташвиқ намоем.

Дар ниҳоят кормандони суди ҳабии гарнизони Хуҷанд ҳамаи афсарону сарбозонро ба наздик омадани ҷашни пуршукўҳ 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик  гуфта, ба Шумо ва аҳли пайвандонатон саломатии бардавом, рўзгори обод, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои беназирро дар фаъолияти пурсамари хизматитон орзумандам.

Ҳамеша ба Ватан ва Президенти мамлакат содиқ бошем.

Вохўрии кормандони суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 03377 Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиорҳои зерин:

— «Ҷашни 30-Солагии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро бо нерўи тоза, омодабошии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавӣ истиқбол мегирем!»;

— «Ба Президенти давлатамон ва ба халқ содиқона хизмат мекунем!»;

— «Аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат шукрона мекунем!»  ҷамбаст карда шуд.