Вохӯрии кормандони дастгоҳи суд бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 14356 (в) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ, доир ба мавзуъи «Паём-ифодаи дастовардҳо»

Тибқи нақша-чорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд барои нимсолаи якуми соли 2021 дар бораи мулоқоту вохӯрии кормандони суд бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд тасмим гирифта, санаи 20 феврали соли 2021 кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд капитани адлия Холзода Мирзосолиҳ  Шариф ва лейтенанти калони адлия  Раҳмонзода Шоҳмиддин Валимӣ дар қисми ҳарбии 14356 (в) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ, доир ба мавзуъи «Паём-ифодаи дастовардҳо» бо афасрону сарбозон мулоқоту вохӯрӣ доир намуданд.

Котиби маљлиси судии суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд капитани адлия Холзода Мирзосолиҳ Шариф доир ба мавзӯи «Паём ифодаи дастовардҳо», баромад намуда, иброз намуд, ки ҳамасола чун анъана Президенти Ҷумҳурии Тољикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат баромад менамоянд.  Дар Паём роҳи тайкардаи  солонаи ҷамъбаст кардашуда, нуқтаи назари сарвари давлат оиди  рушди мамалакат ба самъи шаҳрвандони ҷумҳурӣ пешкаш мегардад.

Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар мавриди таҳлил қарор додашуда, дурнамои мамалакат барои солҳои охир муайян карда мешавад

Солҳои охир мушоҳида мегардад, ки Паёми Сарвари  давлат аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамовозии бештар пайдо  намуда, созовори пайравии халқ дониста мешавад.

Паёми сарвари давлат сатҳу сифати корбарӣ ва фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва умуман тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар ҳудуди таҷассум намуда, роҳҳои ноил шудан ба ҳадафҳои олии давлату хукуматро нишон медиҳад.

Паёми имсолаи Сарвари давлатро бо мароқ мутолиа намуда, ба хулоса омадам, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат сол аз сол пешравиҳо босуръат идома ёфта, аз Паём то Паём корҳои азими созандагию бунёдкорӣ, иқдомҳои беҳтаргардонии некӯаҳволии мардум амалӣ  гардонида мешавад.

Дар Паёми имсола дарҷ карда шуд, ки соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия  ба зиёда аз 260 ҳазор нафар муштариён ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳои вобаста ба қарздорӣ пешниҳод гардида, бо соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин  нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 ду  фоиз зиёд мебошад.

Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати  кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ  тамоюлҳои  мусбат нигоҳ дошта шуданд.

Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Дар ин давра зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ  ташкил кардашуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.

Соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифташуда, ки бештари онҳо иншоотҳои соҳаҳои  маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супоридашуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи  нави корӣ муҳайё  карда шуданд.

Соли 2020, ҳамчунин, бо рӯйдодҳои басо муҳиму хотирмони худ ба таърихи давлатдории миллии мо ворид гардид.

Дар ин сол мо ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солгии Камоли Хуҷандиро дар асоси қарори  созмони бонуфузи байналмиллалии ЮНЕСКО таҷлил кардем.

Ҳамчунин, бо иштироки фаъолонаи  халқи азизамон соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳими сиёсӣ, яккум — интихоботи вакилони  Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро  дар самти муқовимат ба таҳдиду бухронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии  аҳолии кишвар, омодагӣ ба пойомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвият бештар бахшад.

Яъне дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддаттноки  ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои  дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амният озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем.

Дар ин самт, пеш ҳама, зарур аст, ки дар соли 2021 истифодаи самаранокии имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ  тақвият бахшида, дар ин замина иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда, хусусан, доир ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз ва ҳаллӣ проблемаҳои рузмарраи аҳолӣ таъмин карда шавад.

Дар Паёми имсола таъкид гардид, ки ин сиёсат идома дода шавад.

Котиби суд — мушовири суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд лейтенанти калони адлия Раҳмонзода Шоҳмиддин Валимӣ доир ба мавзӯи «Паём ифодаи дастовардҳо»,  баромад намуда, иброз намуд, ки Саравари давлат ҳар навбат дар Паёми худ доир ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун сухан намуда, барои қабули қонунҳои нав дастуру ҳидоятҳои судманд медиҳанд.

Нишондиҳандаҳои дар болозикргардида аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми соҳаҳои иқтисодӣ дар 607 соли охир ба дастовардҳои бузург ноил гардидаанд. Зеро, ки  баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба рушди ҳамаи соҳаҳои  иқтисод, кишоварзӣ, соҳибкорӣ, тиҷорат, нақлиёт ва дигар соҳаҳо вобастагии ногусастанӣ дорад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки мубориза бар зидди коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, экстремизму терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат ба шумор рафт, дар оянда низ баҳри  пешгирӣ ва ошкор кардани чунин ҷиноятҳои муташаккил чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар доираи Стратегияҳои  дар болозикргардида мусаллам аст, ки санадҳои  меъёрию  ҳуқуқӣ  баҳри пешгирӣ ва ошкор намуди чунин падидаҳои ҳалалдоркунанда раванди давлати ҳуқуқбунёд қабул кардашуда, баҳри  рушду давлату ҷомеа тадбирҳои зиёд пешбинӣ мегардад.

Дар як мақола ё баромад ҳамаи нуқтаҳои Паёми имсоларо маънидод кардан душвор аст. Мо бояд дар кори ҳаррӯзаамон Паёми Сарвари давлатро ҳамчун ҳуҷҷати пурарзиш ояндасозу тақдирсоз тарғибуб ташвиқ намоем.

Дар ниҳоят ҳамаи Шумо афсарону сарбозонро ба наздик омадани ҷашни фархунда 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба Шумо ва аҳли пайвандонатон саломатии бардавом, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои беназирро дар фаъолияти пурсамари кориатон орзумандем.