“Қутбнамои ҷомеаи мутамаддин”

Қонуни асосии давлат санади меъёрию ҳуқуқии қувваи олидоштаи давлат мебошад, ки асосоҳои  низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии давлатро дар худ ифода намуда, муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар раванди амалӣ гардонидани чораҳои асосии ташкили ҷамъият ва  давлат ба  вуҷуд меоянд, ба танзим медарорад. Дар он асосҳои бунёдии сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ тобеияти ҳокимият, хусусияти моликият, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, сохти ҳудудӣ ва давлатӣ, низоми ба амал баровардани ҳокимияти халқӣ инъикос мешаванд.

Аз тарихи кишвари худ мо огоҳ ҳастем, ки маҳз қарорҳои тақдирсози Иҷлосияи 16, ки аксарият бо пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон қабул шуда буданд, барои қабули қонуни асосии кишвар заминаи бунёдӣ гузоштанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ меъёрҳои пешбурди тамоми  соҳаҳои хоҷагии ҳалқро фаро  гирифт ва татбиқи ин меъёрҳо барои рушду нумўи бемайлони кишвар боис гардид.

Имрўз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз демократикунонидатарин Конститутсия дар ҷаҳон эътироф шуда, аз 10 боб ва 100 моддаи иборат мебошад.

Сарвари давлат баъди қабули Конститутсия баҳри суръат бахшидани ислоҳоти ҳуқуқӣ, амалӣ гардонидани сиёсати ҳуқуқии кишвар бо иқдому ташаббусҳои бузурги қонунгузорӣ баромад намуданд, ки баҳри таҳкими сатҳи волоияти  қонун ва қонуният дар кишвар нигаронида шуда буданд.

Дар заминаи дастуру ҳидоятҳо ва Паёмҳои Сарвари давлат чандин стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳо, Кодексҳо, Қонунҳо қарорҳо қабул шуда, ислоҳоти ҳуқуқӣ бо маром идома дода шуд.

Бо ташаббуси қонунгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин қонунҳо “Дар бораи авф”, Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи ворид  намудани таѓйироту иловаҳо ба  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару  модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шуда” ва даҳҳо дигар қонунҳо ҷавобгў ба муносибатҳои имрўза қабул шуданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шиностномаи миллату давлат, ҳуҷҷати тақдирсоз ва қутбнамои давлату ҷомеаи навини мо мебошад. Конститутсия санадест, ки меъёрҳои он мустақиман амал менамоянд, зеро ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқиро худи халқи мамлакат тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул намудаанд.

 

Холзода Мирзосолеҳ Шариф, капитани адлия,

корманди дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд

 

Мавзўъи “Қутбнамаи ҷомеаи мутамаддин” дар рўзномаи «Ҳақиқати Суғд», таҳти №134 (18439) санаи 06 ноябри соли 2021 ба чоп расидааст.