«ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН»

«Ҳуқуқу озодиҳои инсон»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқукӣ ва маърифати шаҳрвандӣ, инчунин ба муносибати 30 солагӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карданд. Дар ҳақиқат ин иқдомро ҷомеа ба хушнудӣ пазируфтанд.
Шоёни зикр аст, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳоест, ки роҳи ҳуқуқбунёдро интихоб кардаанд. Қабул гардидани Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар 6-уми ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуда, самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард.
Боиси зикр аст, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон зина ба зина ба амал меояд ва шаҳрвандон соҳиби дониши ҳуқуқӣ шуда, метавонанд дар ҳама ҳолат ҳуқуқу манфиати худро ҳимоя созанд.
Махсусан, имрӯз ба дониши ҳуқуқӣ ҷавонон зиёдтар эҳтиёҷ доранд. Зеро имрӯз мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки дар ҷаҳон ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористӣ амал менамоянд. Ин гурӯҳҳо бо ҳар тарзу усули ба худ хос кӯшиш менамоянд, ки ба тафаккури ҷавонон таъсири худро расонида, онҳоро гумроҳ созанд ва ба гурӯҳҳои террористӣ шомил намоянд.
Хушбахтона, меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият ташкил дода, он дар ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм, ришваситонӣ ва дигар падидаҳои хатарзо) ҳифзи фазои иттилоотии кишвар ва хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир равона карда мешавад.
Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони равшанфикрро лозим аст, ки дар самти мусаллаҳ гардидан ба дониши ҳуқуқӣ корбарӣ намояд ва баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа саҳми намоён гузорад.

Исроил Иброҳимзода,
судяи Суди ҳарбии
гарнизони Хуҷанд

Мавзӯъи «Ҳуқуқу озодиҳои инсон» дар Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» таҳти №64(18835) санаи 28 майи соли 2024 ба чоп расидааст.