«Тавоноии мо дар муттаҳидист».

«Тавоноии мо дар муттаҳидист».

Вақт довари ҳама гуна ҳодисаву воқеаҳо маҳсуб меёбад ва бо гузашти рӯзхрву моҳҳо боз моро ба санаи таърихан муқаддас барои халқу миллати тоҷик, яъне 30-юмин солгарди Истиқлолияти давла­тии Ҷумхурии Тоҷикистон наздик намуд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар халқу миллат неъмати бебаҳо аст. Бе Истиқлолият давлатдорӣ маъно надорад. Шукрона бояд гуфт, ки халқи тоҷик имрӯз соҳиби давлати соҳибистиқлол аст.

Дар дунё халқу миллатҳое ҳастанд, ки садсолаҳо барои истиқлолияти давлатии худ мубориза мебаранд, аммо комёб намешаванд.

Гарчанде ба даст овардани Истиқлолият бо амри таъ­рих ба мо муяссар гардид, вале солҳои аввал халқи тоҷик бо душвориҳову хатарҳои ҷиддӣ барои Истиқлолияти тоза бадастоварда дучор гардид.

Бояд бо ифтихор ба ёд овард, ки баъди баргузор гар- дидани Иҷлосияи такдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сари қудрат омадани фарзанди содиқи Ватан — Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои нахустин баҳри ба эътидол омадани вазъи баамаломада гузошта шуданд.

Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз пояҳои мустаҳками Истиқлолият гу­зошта шуд. Конститутсия ҳамчун шиносномаи давлату миллат кишвари моро ба ҷаҳониён муаррифй намуд.

Ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ри- зоияти миллй дар соли 1997 дигар воқеаи муҳими таърихӣ мебошад, ки барои устувор гардонидани пояҳои Истиқлолият заминаӣ боэътимод гузошт.

Яке аз дастовардҳои муҳими иқтисодии даврони Истиқлолият соли 2001-ум ба муомилот баровардани пули миллии сомонй мебошад. Ин дастоварди халқамон на барои як солу ду сол, балки садсолаҳои оянда хизмат хоҳанд кард.

Дар солҳои Истиқлолият обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ боло рафта, мамлакати мо ташаббус- кори чандин Анҷуманҳои бонуфузи байналмилалй гардид. Аз ҷумла, бо пешниҳоди Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу рахдати миллй — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ эълон гардидани Соли умумиҷаҳонии оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии об барои ҳаёт дар солҳои 2018- 2028 гувоҳи гуфтаҳои боло аст.

Имрӯз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва рушди бесобиқаи кишвар бисёр Анҷуманҳои ҷаҳонйю минтақавӣ дар пойтахти ҷумҳуриамон — шаҳри Душанбе мегузарад, ки боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти кишварро зарур аст, ки баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатии кишвари худ кӯшиш намояд. Мо, ҷавононро зарур аст, ки бо донишу малакаи хеш, маҳорати кордонӣ ватани хешро ободу истиқлолияташро қавӣ гардонем. Барои ин, мо тамоми шароиту имкониятро соҳибем.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон поянда ва дар Ватани азизамон — Тоҷикистон сулҳу субот абадан пойдор бошад.

 

Н.Насриддинзода, судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, подполковники адлия.

И.Искандарзода, котиби суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд,

капитани адлия.

 

Мавзўъи «Тавоноии мо дар муттаҳидист» дар рўзномаи «Тирози ҷаҳон», таҳти №69(2976) санаи 01 сентябри соли 2021 ба чоп расидааст.