ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби роҳбарият, судяҳо ва кормандони суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи таҳлилӣ ва муайянсозандаи рушду нумўи самтҳои асосии сиёсати давлат ба пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ нақши босазо дорад.

26 январи соли 2021 дар толори бинои суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мардуми кишвар ироа шуд, барои дигар шукрона кардан аз соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва содиқ будан ба халқу миллатро таъкид дошта, воқеан пешрафту саодатмандии халкӣ куҳанбунёду ба ору номуси моро тавъам аст.