Табрикоти Раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Усмонзода Ш. ба муносибати «Рӯзи Парчами давлатӣ».

Бо самимияти афзун Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Ҳокимияти судии Ҷумҳуриро ба «Рӯзи Парчами давлатӣ» табрику таҳният гуфта, барояшон тани сиҳат, хотири ҷамъ, барори кор ва саодати рӯзгор таманно дорам.

Парчами давлатӣ, ки имрузҳо дар саросари кишвари азизамон ҷилвагар аст, таърихи беш аз чаҳорсола дошта, масъалаи қабули он, дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, санаи 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Рангҳои  дилкаши он яке сурх, ки рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол мебошад, ранги сафед нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият буда, эҳтироми халқро барои Ватан, ободии он, фазои орому осуда ва шукуфоии Тоҷикистони азиз таҷассум карда, халқро барои Ватан, ободии он, фазои орому осуда ва шукуфоии Тоҷикистони азиз таҷассум карда, халқро ба зиндагии шоиста ҳидоят менамояд.

Парчам рамзи муқаддаси давлатдорӣ мебошад, ки бо заҳмати талошҳои  шабонарузии Асосгузори сулҳу Ваҳдат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомали Раҳмон рӯи кор омада, имруз бо шукуҳу шаҳомат ва баландиаш дар олам бе назир аст!

Иди Парҷам муборак ҳамдиёрони азиз.

Бо эҳтиром раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Усмонзода Ш.