Табрикоти Раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Усмонзода Ш. ба муносибати «Иди Модарон, хоҳарон ва бонувон, омадани фасли зебои баҳор!»

Беҳуда нест, ки Рузи Модарон, 8 Март ба фасли баҳор рост омадааст, зеро, ки фасли баҳор, аруси сол мебошад.

Модар ҳаст, ки мо ҳастем, модар ҳаст, ки насли навраси имруза ҳаст, модар ҳаст, ки насли минбаъда мешавад, ва бино бар ин, «Модар» ҷовидон аст. Барои ҷовидонии Модар, барои гулгулшукуфиаш, барои он,  ки доимо хонадони моро бо чароғи абадияташ равшан мекунад, мо омода сари тазим фуруд меорем ва беҳуда нест, ки Ҷаноби Олӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мавқеи занро дар ҷомеа  сол ба сол  тадриҷан баланд мебардоранд, ва ин эҳдом овардааст.

Бигзор модарони мо, хохарони мо дар ин зиндагии имрузаи гулгулшукуфии Тоҷикистон, ки воқеан руз ба руз зиндагии шоистаи рамадун пешниҳод карда истодааст, саломат бошанд!

Ба ҳамаи Модарон, хоҳарон ва бонувони азиз, шогирдони худам, кормандони суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, инчунин судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама сари тазим фуруд оварда, имруз, тани сихат, хотири чамъ, саодати рузгор, бахту саодат ва ҷовидонӣ  орзу мекунам.

Аз офтоб пурсидаанд, ки «Аз Ту беҳтар кист?», «Аз Ту равшантар кист?» Офтоб гуфтааст, — «Модар аст».  Гуфтаанд, «Ту дунёро равшан мекунӣ»,  Офтоб гуфтааст, — «Дуруст аст, ман дунёро равшан мекунам, лекин ман насли ояндасоз надорам, ман якто ҳастам».

Бигзор Модарони мо насли ояндасоз бошанд, хохарони мо барои ҷомеаи минбаъдаи хушбахтии тоҷикон, саҳми бо сазои худро гузоранд ва кормандон суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд аз ҷумлаи занҳо бигзор дар пешрафти ҷамъият, дар некўаҳволии зиндагӣ ва дар пешбурди фаъолият ҳиссаи сазовори худро гузоранд.

Идатон муборак бошад Модарон, хоҳарон ва бонувони азиз!