Табрикоти раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ба муносибати «Рўзи кормандони суд».

Ҳамасола дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон санаи 26 октябр ҳамчун «Рўзи кормандони Суд» бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад.

Бо шарофати «Истиқлолияти давлатӣ» ва файзи «Ваҳдати Миллӣ», Суд имруз дар Тоҷикистон  ҳамчун кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал карда, дар раванди ҳифзи ҳуқуқҳои шахс, ҷойгоҳ, мақоми он ва ба амал баровардани адолати судӣ, мақоми пурарзиш дорад.

Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалӣ намудани адолати судӣ, тањкими волоияти қонун, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиати давлат ва тантанаи адолати судӣ фаъолият намуда, дар ин замина, ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои Ваҳдати Миллӣ ва ободии кишвари азизамон саҳми арзанда дорад.

Ба ин муносибат Роҳбарияти Суди Олӣ ва ҳамкоронаи азизи худро, ки дар манотиқи гуногуни кишвар баҳри тантанаи адолати судӣ, заҳмати арзанда доранд, аз номи кормандони суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд  бо «Иди касбиашон» табрик гуфта, ба хонадони ҳар яке файзи баракат, бахту саодат, саодати рузгор ва хушбахтӣ таманно дошта, баҳри фаъолияти босамари минбаъдаашон барору комёби орзу менамоем.

Идатон муборак, ҳамкасбони азиз!

Бо эҳтиром,

Раиси суди ҳарбии

гарнизони Хуҷанд                                        Усмонзода Ш.