Ҳамасола дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон санаи 26 октябр ҳамчун «Рўзи кормандони Суд» бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад.
Бо шарофати «Истиқлолияти давлатӣ» ва файзи «Ваҳдати Миллӣ», Суд имруз дар Тоҷикистон ҳамчун кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал карда, дар раванди ҳифзи ҳуқуқҳои шахс, ҷойгоҳ, мақоми он ва ба амал баровардани адолати судӣ, мақоми пурарзиш дорад.
Низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалӣ намудани адолати судӣ, тањкими волоияти қонун, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиати давлат ва тантанаи адолати судӣ фаъолият намуда, дар ин замина, ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои Ваҳдати Миллӣ ва ободии кишвари азизамон саҳми арзанда дорад.
Боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеъа то рафт таҳким ёфта, суд вазифаи муҳими давлатиро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо таъмин менамояд ва баробарии дигар шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеъаи шаҳрванди нигоҳ медорад. Амалӣ намудани адолати судӣ вазифаи пурифтихор, бошараф ва масъулиятноке мебошад, ки ба зиммаи судяҳо вогузор карда шудааст. Мо боварии комил дорем, ки бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти судӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, дар иҷрои вазифаҳои конститутсиониашон дар самти ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат устуворона қадам ниҳода, дар пешрафти кишварамон нақши худро мегузоранд. Бо истифода аз фурсати мазкур бобати дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани ин вазифаҳо бароятон сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти барқарорсозии адолати иҷтимоиву шукуфонии Ватани маҳбубамон барору комёбӣ орзу менамоем.
Бори дигар Иди касбӣ ба хамаи Шумо муборак ҳамкасбони азиз!
Бо эҳтиром,
Раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд
подполковники адлия Аҳмадзода А.