«ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД»

Санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид ва дар он Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки кишвар бахшида ба ҷашни 30-солагии қабули Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли марифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Шоёни тазаккур аст, ки маърифати ҳуқуқӣ асоси ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Барои ташаккул ва фаъолияти озоди ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси Конститутсия имрӯз дар кишвар тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, эътирофи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар шахс ҷузъи таркиби сиёсати пешгирифтаи давлат мебошад ва онҳо пайваста такмил дода мешаванд.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ зодаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад ва дар навбати худ ҳар қадаре, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ инкишоф ёбад, давлати демократӣ ҳамон андоза пеш меравад.
Умуман, аз ироаи Паёми навбатӣ бармеояд, ки муҳтавои асосии ҳар як самт ва соҳаҳоро ҳукуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд. Ё ин ки ҳар пешниҳоде, ҳар супоришу вазифаҳое, ки дар Паём манзур мегардад, баҳри беҳбудии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Дар ҳама соҳаҳо иҷтимоиёт, маориф, тандурустӣ, занон, ҷавонон, ва дигар соҳаҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии он дода мешавад.
Ҳамаи мо имрӯз вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯз ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул бошем ва дар атрофи Сарвари давлат муттаҳиду сарҷамъ шуда, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем, зеро давлате, ки муттаҳиду сарҷамъ ва бомаърифта аст, ягон мушкилӣ онро пароканда карда наметавонад.
Бояд тазаккур дод, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷа маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демокартӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд.

Махфуза Ҳайдарзода,
мутахассиси пешбар-тарҷумони
Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд,
Мубина Маблубзода,
мушовири Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд.

Мавзӯъи «Таҳкими давлати ҳуқуқбунёд» дар Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» таҳти №69 (18840) санаи 06 июни соли 2024 ба чоп расидааст.