Ҳар рузу ҳар соат моро ба ҷашни бузурги миллӣ — Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик месозад. Набзи давлату миллати мо бо набзи сайёра ҳамсадост. Ба ин ҷашни бузурги миллат ҳама якдилу якҷо омодагӣ мегиранд.
Тамоми сокинон ифтихор доранд, ки 33 сол муқадам нахусти хиштҳои пайдевори Истиқлолияти воқеъи ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ –Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои 90-ум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани ороми авзои ҷомеъа пойдории сулҳу субот ва таҳкими Истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлати кишвари мо маҳсуб мешуд.
Маҷмуи дастовардҳои беназири давлатони соҳибистиқлолии кишвар, ки пеш аз ҳама маҳсул ва самараи истиқлолияти давлатӣ мебошанд, пеш аз ҳама бо ибтикору дастгирӣ ва ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Самараи сиёсати босуботи Пешвои миллат буд, ки чандин ташаббусҳои муҳими кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастигирӣ ёфта, мавриди тадбиқ қарор гирифтанд ва Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ба ҳайси як кишвари фаъолу боибтикор муаррифӣ гардид.
Аз ҷумла, бунёди нақбҳои бузурги «Истиқлол» ва «Шаҳристон», инчунин таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Чаноқ, Айнӣ-Панҷакент, Хуҷанд-Конибодом-Исфара, кашидани хатти барқи баланшиддати Ҷануб-Шимол, зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ дар дохили вилоят, ки дар рӯзҳои вазнинтарин мушкилоти сокинонро доир ба таъмири нерӯи барқ бартараф намуданд, ташкили садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, сохтмони садҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ, хусусан мактабу шифохонаҳо муассисаҳои дигари маориф ва тандурустиву фарҳанг, марказҳои муосири хизматрасонӣ ва ба ҳамин васила, таъсис додани садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ, тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд.
Ба таваҷҷуҳ ба таърихи навини давлатдори тоҷикон бо ифтихор гуфта метавонем, ки миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ бо заҳмати ватан-дӯстона ба оламиён худро ҳамчун халқи сулҳпарвару озодихоҳ ва созандаву бунёдкор муаррифӣ карда тавонист.
Нигина Насриддинзода,
судяи Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд,
подполковники адлия.
Беҳруз Қурбонов,
пристави судии
Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд,
Мавзӯъи «Саодати давлатдорӣ» дар Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» таҳти №101 (18872) санаи 22 августи соли 2024 ба чоп расидааст.