«РИОЯИ ҚОНУН ДАР ҶОМЕА ҲАТМИСТ»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷилиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифтаи шаҳрвандӣ, ҳамзамон, ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карданд, ки қобили дастгирист.
Шоёни зикр аст, ки маърифати ҳуқуқӣ ин риояи қонун дар ҷомеа аст. Он нафаре, ки дар ҷомеаи имрӯза умр ба сар мебарад, бояд қонунро ҳаматарафа омӯзад.
Дар урфият мегӯянд, ки агар хоҳӣ, ки дар ҷомеа зиндагӣ намоӣ, ғуломи қонун бош. Бале, эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Баланд бардоштани марифтаи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд.
Мусаллам аст, ки тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандон кори саҳлу осон набуда, шахси аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бомаърифтаро наметавон дар як рӯз ё як солу панҷ сол тайёр намуд.
Маврид ба зикр аст, ки маърифати ҳукуқии шаҳрвандон ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошт. Зеро бе баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҳал намудани мушкилоти зиндагӣ басо душвор аст.
Воқеан, ҷомеае, ки ба инсонҳои бомаърифат ва тарбиятдида такя мекунад, ба пирӯзиҳо ноил мегардад. Ҳамзамон, дониши ҳуқукии миллат аз бисёр ҷиҳат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари эътибори он дар миқёси ҷаҳони муосир аст.
Абарқудратҳои ҷаҳони имрӯза, ки болотарин сатҳи рушд ва зиндагиро соҳиб шудаанд, бо ширкати фаъоли ҳар як шаҳрванди аз нигоҳи ҳуқуқӣ соҳимаърифати худ дар таъмини фаъолияти бобарори соҳаҳои гуногуни давлатдорӣ камол ёфтаанд.
Пас моро низ месазад, ки дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар доираи эълони соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баҳри боло бурдани сатҳи маърифтаи ҳуқуқии шаҳрвандон даст ба кор бошем ва сифати баланди баргузории чорабиниҳои нақшавиро дар ин самт татбиқ намоем.

Саноат Мақсудиён,
Котиби маҷлиси судии
Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд,

Мӯтабар Ҳакимова
Котиби судии Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд,
Лейтенанти калони адлия.

Мавзӯъи «Риояи қонун дар ҷомеа ҳатмист» дар Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» таҳти №70 (18841) санаи 08 июни соли 2024 ба чоп расидааст.