«РӮЗИ ХУШУ БОСАОДАТ»

Ҳар рӯзу ҳар соат моро ба ҷашни бузурги миллӣ, ба рӯзи имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ наздик месозад. Дар ҳақиқат ин сана барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ азиз аст. Он ба мо рӯзи хушу босаодатро эҳдо намуд. Мардум баъди он боз ба ояндаи нек умед бастанд. Дар вуҷуди ҳар як инсони соҳибилму солимфикр қудрати боз нигоҳи тоза ба ояндаи дурахшони кишвар шуъла зад.
Яке аз омилҳое, ки пояи сулҳро ба мустаҳкамшавӣ наздик месохт, ин ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ буд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як силсила тадбирҳо андешида шуданд, ки онҳо барои таъмини сулҳ ва бозгаштани ҳамватанон мусоидат намуданд.
Дар ҳақиқат баъди имзо шудани Созишномаи умумӣ заминаи сулҳ ва ваҳдат дар Тоҷикистон гузошта шуд. Пас аз ин воқеаи таърихӣ дар мамлакат табдирҳои ба сохтори ҳукуматӣ шомил кардани намояндагони мухолифин, ба ҷумҳурӣ баргардонидани қувваҳои мусаллаҳи онҳо, таъмини фаъолияти озоди ҳамаи аҳзоб ва ҷараёнҳои сиёсӣ, ки фаъолияташон ба қонунҳои ҷумҳурӣ мухолифат намекунанд, андешида шуданд. Ин тадбирҳо роҳи сулҳро пойдор намуд ва то ҳол ваҳдати миллиро мустаҳкам карда истодаанд.
Шоёни зикр аст, ки сулҳ ба кишвари соҳибистиқлоли мо хеле гарон ва бо мушкилиҳои зиёде ба даст омад. «Ваҳдати миллӣ, — қайд менамояд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, — бояд аз ҳама гуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил ва якпора созад».
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.
Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро нигоҳ дорем, ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифз бисозанд.
Дар муддати 27 сол ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо намудааст.

Акрам Аҳмадзода,
Подполковники адлия,
Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд.

Шоҳмиддин Раҳматзода,
майори адлия,
ёрдамчии раиси Суди ҳарбӣ.

Мавзӯъи «Рӯзи хушу босаодат» дар Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» таҳти №69 (18840) санаи 06 июни соли 2024 ба чоп расидааст.