Омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 байни роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд

Санаи 16 феврали соли 2021 байни судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.
Маҷлиси мазкур доир ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, доир ба он кормандони дастгоҳи суди ҳарбӣ маърузаҳои худро пешниҳод карданд.
Дар маҷлиси мазкур котиби суди ҳарби гарнизони Хуҷанд, капитани адлия Сараев Баҳориддин Муҳриддинович баромад карда, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 январи соли 2021 бо Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асоссии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлил ва хулосабарории ҳаматарафа қарор дода, оид ба натиҷаҳои ноилгардида ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада барои солҳои минбаъда дастур ҳидоятҳои мушаххас манзур намуданд, ки он ҳамчун чароғи роҳнамои фаъолияти тамоми рукнҳои давлатӣ буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад.

Қобили зикр аст, ки Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунгузор ва намояндагии кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ — яъне ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ 30 солагии Истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, соли 2020 бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои дар натиҷаи паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус бо амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.
Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020 афзоиш ёфта, хусусан истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019 28,3 фоиз афзоиш ёфтааст, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсуллоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.
Таъмини шароити зиндагии арзанда яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати мамалакат ба шумор рафта, дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат ба масъалаи беҳтар намудани шароити зиндагии қишри осебпазири ҷомеа — маъюбон диққати махсус зоҳир намуданд. Дар ин робита дар Паёми навбатӣ таъкид шуд, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд. Дар ин асно нафақаи ятимон аз 20 то 50% зиёд гардида, барои бунёди се мактаб-интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе Ҳукумати кишвар уҳдадор карда шуд.
Масъалаи таъминоти моддӣ-техникӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор дошта, дар Паёми имсола доир ба фаъолияти судҳо низ роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ уҳдадор гардиданд, ки барои баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, тайёр намудан ва интихобу ҷобаҷогузории дурустии кадрҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар асоси Паёмҳои қаблии Пешвои муаззами миллат бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардида. 3 барнома татбиқ ва барномаи чоруми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
Интихоби дуруст ва ҷобаҷогузории кадрҳо яке аз масъалаҳои муҳиме ба шумор меравад, ки ҳам дар Паёмҳои Президенти кишвар ва ҳам дар Барномаҳои ислоҳотии судӣ-ҳуқуқӣ таҳти таваҷҷуҳи махсус қарор дорад. Бин бар ин, ба роҳбарияти Суди Олӣ дастур дода шудааст, ки минбаъд низ дар хошияи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат барои баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, тайёр намудан ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо эътибори ҷиддӣ дода, ҷиҳати интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории дурустии кадрҳо чораҳои мушаххсас андешад.
Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд дар соли 2021, ки барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашнгирии иди бузурги миллиамон истиқлои давлатӣ мебошад, баҳри иҷрои рисолаи хеш бобати ободониву созандагии кишвари азизамон саҳми худро мегузорем.
Ҳамзамон дар маҷлиси мазкур, котиби маҷлиси судии суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, капитани адлия Додихудозода Оятулло Аламшо маърӯза намуда, иброз намуд, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар масъалаи боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва бо шуғли пур пурмаҳсул фарои гирифтани онҳоро ба миён гузошт, ки боиси сарфарози занону духтарон аст.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тамоми шароити ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро фароҳам оварда, ҷалби бонувонро ба мақомотҳои давлатӣ, яке аз самтҳои сиёсати дохилии худ қарор дод. Хушбахтон имрӯз дар ҷумҳурӣ соҳае нест, ки занону духтарон дар он кор ва фаъолият накунанд. Тавре дар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардил имрӯзҳо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Бо ин мақсад ба Кумитаи кор ва занон ва оила супориш дода шуд, ки лоиҳаҳои қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод намоянд.
Маҷлиси омӯзишии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 январи соли 2021 байни кормандони дастгоҳи суди мазкур давом дода шуда, мутахассиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Матлубзода Мубина Матлубӣ маърӯза намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёмашонро бо чунин суханҳо оғоз бахшиданд:

«Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ -сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад»
Яъне, воқеан таърихӣ 30-солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамонро ба таври хоса қайд намуданд.
Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа чунин зикр намуданд:
«Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73% ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 % фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Ҳукумати мамлакат занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагӣ амалӣ мегардонад.
Мо бояд баҳри амалӣ гардидани ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёмашон зикр гардидаанд, саъю кӯшиш намоем, баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешем ва бо ин роҳ ба рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон азизамон саҳм гузорем.
Маҷлиси омӯзишии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони дастгоҳи суди ҳарбӣ давом дода шуда, котиби маҷлиси судии суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, капитани адлия — Холзода Мирзосолиҳ Шариф маъруза намуд, ки ҳамасола чун анъана Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат баромад менамоянд. Дар Паёми роҳи тайкардаи солона ҷамъбаст карда шуда, нуқтаи назари сарвари давлат оиди рушди охираи мамлакат ба самъи шаҳрвандони ҷумҳурӣ пешкаш мегардад.

Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар мавриди таҳлил қарор додашуда, дурнамои рушди мамлакат барои солҳои охир муайян карда мешаванд.

Солҳои охир мушоҳида мегардад, ки Паёми Сарвари давлат аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамовозии бештар пайдо намуда, созовори пайравии халқ дониста мешавад.
Паёми сарвари давлат сатҳу сифати корбарӣ ва фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва умуман тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар ҳудуди таҷассум намуда, роҳҳои ноил шудан ба ҳадафҳои олии давлату хукуматро нишон медиҳад.

Паёми имсолаи Сарвари давлатро бо мароқ мутолиа намуда, ба хулоса омадам, ки дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат сол аз сол

пешравиҳо босуръат идома ёфта, аз Паём то Паём корҳои азими созандагию бунёдкорӣ, иқдомҳои беҳтаргардонии некӯаҳволии мардум амалӣ гардонида мешавад.