Лаҳзаи шунидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарият, судяҳо ва кормандони суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи таҳлилӣ ва муайянсозандаи рушду нумўи самтҳои асосии сиёсати давлат ба пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ нақши босазо дорад.

Имруз санаи 21 декабри соли 2021 дар толори бинои суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо иштироки роҳбатият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар аввал ва анҷоми маҷлис аз ҷониби ҳайати шахсии суд суруди милӣ сароида шуд.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мардуми кишвар ироа шуд, барои дигар шукрона кардан аз соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва содиқ будан ба халқу миллатро таъкид дошта, воқеан пешрафту саодатмандии халкӣ куҳанбунёду ба ору номуси моро тавъам аст.

Пас аз анҷоми тамошои дастҷамъона, раиси суд ба кормандони суди ҳарбӣ барои иштироки фаъолона арзи сипос  намуда, таъкид кард, ки ҳар як корманди суд дар  фаъо лияти кориаш супоришҳои  Роҳбари давлатро сармашқи кори худ ҳисобида, барои анҷоми холисонаи он содиқона амал намоянд.