ЛАҲЗАИ ШУНИДАНИ ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 28 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024 АЗ ҶОНИБИ РОҲБАРИЯТ, СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ СУДИ ҲАРБИИ ГАРНИЗОНИ ХУҶАНД.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи таҳлилӣ ва муайянсозандаи рушду нумўи самтҳои асосии сиёсати давлат ба пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ нақши босазо дорад.
Имруз санаи 28-уми декабри соли 2024 дар толори бинои Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо иштироки роҳбатият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суд тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар аввал ва анҷоми маҷлис аз ҷониби ҳайати шахсии суд суруди милӣ сароида шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷилиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд, ки қобили дастгирист.
Пас аз анҷоми тамошои дастҷамъона, Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, полковники адлия Аҳмадзода А. ба кормандони Суди ҳарбӣ барои иштироки фаъолона арзи сипос намуда, таъкид карданд, ки ҳар як корманди суд дар фаъолияти кориаш супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ ҳисобида, барои анҷоми холисонаи он содиқона амал намоянд.