КОНСТИТУТСИЯ ВА ШАКЛИ ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Санаи 6-ноябри соли 1994 дар кишвари соҳибистиқлоли мо мардуми Тоҷикистон бори нахуст тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати сарнавиштсоз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо заҳмат ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба райъпурсии умумихалқӣ пешниҳод гардида, аз тарафи халқ дастгирӣ ва қабул карда шуд. Он кас тавонистанд мардумро сарҷамъ намуда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшанд ва халқро барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҳидоят намоянд.

Бо иродаи мардуми кишвар Конститутсияи давлати соҳибистиқлол қабул гардид, ки он баёнгари соҳибистиқлолии давлат, таъмингари асосии низоми сиёсиву ҳуқуқии мамлакат, кафолати амният ва осудагии шаҳрвандон, раҳнамунсози самти асосии рушди ҷомеа маҳсуб мешавад.

Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, яке аз беҳтарин Конститутсия дар ҷаҳон эътироф карда шудааст. Дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз тамоми меъёрҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дарҷ ёфтаанд.

Дар Қонуни асосии кишвар тамоми меъёрҳое, ки пеш аз ҳама баҳри ҳифзи арзишҳои олии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ягона сарчашмаи ҳокимият будани халқ, нигаронида шудаанд, зикр гардидаанд.

Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмиии ҳуқуқ ва озодиҳои дигарои, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзишҳои ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Бинобар им маҳз қонун ҳам меъёри маҳдудкунанда ва ҳам кафолати озодӣ аст.

Конститутсия муносибати байни мақомоти марказии ҳокимиятро аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян кардааст ва мутобиқи моддаи 9 Конститутсия «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».

Боби ҳаштуми Конститутсия ба ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипи асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа ва мақсадҳои амалӣ иамудани адолати судӣ ва ваколати судяҳоро муқаррар кардааст.

Мутобиқи моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Дар модаи 87 Конститутсия омадааст: «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст».

Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003, 22 майи соли 2016 як қатор тағироту иловаҳо ворид гардида, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудаанд.

Ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муқаддас ва тақдирсоз буда, мисли чароғест, ки роҳи рушди давлатӣ соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳои кишвар, таъмини волоияти қонун кафолат ва шарти аввалиндараҷаи суботу оромӣ, рушди иҷтимоии давлат ва ҷомеа, рӯзгору ободу осудаи ҳар як хонадон аст.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, Шумоёнро ҳакасбони худ ба муносибати 26-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям.

Орзумандам, ки волоияти қонун дар Ҷумҳуриамон абадан пойдор бошад.

 

Котиби судии суди ҳарбии
гарнизони Хуҷанд
лейтенанти калони адлия
Искандарзода И.С.