Ҷиноят, ба муқобили қоидаҳои муқаррарнамудаи оинномаҳои ҳарбӣ оид ба муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ ва саломатии инсон равона карда шуда

Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд дар ҳайати раисикунанда полковники адлия Бобочонзода Б., бо котибии капитани адлия Додихудозода О.А., бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ майори адлия Неъматзода Ш., санаи 14 апрели соли 2020 дар маҷлиси ошкорои сайёри суди дар бинои қисми ҳарбии 03377 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда Мирзоев Кароматулло Ҳикматович рузи таваллудаш 04 апрели соли 2000, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 14356 «б» Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаи ҳарбиаш қаторӣ, оиди содир кардани ҷиноят бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои «а,д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намударо баррасӣ намуд.      Суд муайян кард, ки судшаванда қатори Мирзоев К.Х. аз санаи 06 апрели соли 2018 тибқи даъват дар қисми ҳарбии 14356 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд адои хизмати ҳарбӣ карда истода, ҷинояти вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ, дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо, ки дар расонидани зарари миёна ба саломатӣ зоҳир мегардад, содир намудааст.

Чунончӣ, судшаванда қаторӣ Мирзоев К.Х. санаи 17 феврали соли 2020 тахминан соатҳои 07:00 дақиқа, дар майдончаи сафороии қисми ҳарббии 14356 «Б» ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби ҳайати шахсӣ бо хамира (крем) оро додани пойафзоли хизматӣ, ҳолати аз ҷониби ҷабрдида қаторӣ Мирзомуродов А.М. ба сӯи сержанти хурд Кабиров Ф.З. пой бардоштанро мушоҳида карда, аз чунин рафтори ҷабрдида Мирзомуродов А.М. эрод гирифта, бо мақсади бартарии худро нишон додан, талаботҳои муқарраргардидаи моддаҳои 13, 16, 64 ва 154-и Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 6-и Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тибқи муқаррароти он «хизматчии ҳарбӣ ба савганди ҳарбӣ содиқ бошад, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, талаботи оинномаҳои ҳарбиро иҷро кунад, ба ҳамдигар эҳтиром зоҳир намоянд, бояд ҳамеша намунаи маданияти баланд, хоксорӣ ва бурдборӣ бошад, шарафи ҳарбиро муқаддас донад, шаъну шарафи худро ҳифз карда, ба шаъну шарафи дигарон эҳтиром гузорад, вазифаҳои хизмати ҳарбиро ба таври намунавӣ адо намояд, қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро, ки оинномаҳои ҳарбӣ муқаррар намудаанд, риоя кунанд», дағалона вайрон карда, бо кафи дасти росташ ба рӯи ҷабрдида Мирзомуродов А.М., ки ҳарду дар як қисми ҳарбӣ адои хизмати ҳарбӣ карда истода, байни худ дар тобеъияти хизматӣ намебошанд, як маротиба шаппотӣ зада, ба ҷабрдида дарди ҷисмонӣ расонидааст. Ба ғайр аз ин, судшаванда Мирзоев К.Ҳ. бо санаи 17 феврали соли 2020 тахминан соати 08:00 дақиқа дар амборчаи ротаи якуми қисми ҳарбии 14356 «Б» ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷабрдида қаторӣ Мирзомуродов А.М. вохӯрда, такроран бо дағалона вайрон кардани моддаҳои 13, 16, 64 ва 154-и моддаи 6-и Оинномаи интизоми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади бартарии худро нишон додан, бо кафи дасти росташ ба қисмати ҷоғи поён аз чапи ҷабрдида Мирзомуродов А.М. ду маротиба зарба зада, ба ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Мувофиқи хулосаи коршиноси суди-тиббӣ таҳти №263 аз 04 марти соли 2020 ҷароҳати ҷисмонии бардоштаи ҷабрдида Мирзомуродов А.М. бо намуди шикасти кушодаи танаи ҷоғи поён аз чап бо беҷошавии устухонпораҳо, ҳамчун зарари миёна ба саломатӣ расонидашуда мансуб дониста шудааст.

Дар асоси талаботҳои моддаҳои 332-336, 338-339, 341-344, 347-348 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд Мирзоев Кароматулло Ҳикматовичро бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои «а,д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ҳамин қисми мода ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин кардааст.

Вобаста ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, суд чунин ҳолатро ба назар мегирад, ки кирдори содир кардаи судшаванда Мирзоев К.Ҳ. ба категорияи ҷиноятҳои вазнин мансуб буда, ба муқобили қоидаҳои муқаррарнамудаи оинномаҳои ҳарбӣ оид ба муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ ва саломатии инсон равона карда шудааст. Сабаби содиршудани ҷиноят ин паст будани интизоми ҳарбӣ ва набудани маърифати ҳуқуқии судшаванда Мирзоев К.Ҳ. оид ба ӯҳдадориҳои хизматиаш мебошад. Шахсияти судшаванда Мирзоев К.Ҳ., ки қаблан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида ва суд нашудааст ва доғи судӣ низ надошта, аз ҷои хизмат ва аз тарафи ҳамхизматон мусбӣ арзёбӣ кардашудааст.