«Ҳимоятгарони марзу буми кишвар»

Мавзӯъи «Ҳимоятгарони марзу буми кишвар» бахшида ба 28-умин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рўзномаи «Ҳақиқати Суғд», таҳти №23(18328) санаи 23 феврали соли 2021 ба чоп расидааст.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти далватӣ буда, аз рӯзҳои аввал дар шароити на он қадар хуб таъсис ёфта буд. Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бархурдор гардад. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлоламон ҷанги шаҳрвандӣ мерафту афсарони мо дар сангарҳо ҷангиданд ва барои бунёди Артиши миллӣ замина гузоштанд.

Имрӯз давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони азизи мо тавонист дар хориҷи кишвар мутахассисони баландихтисосро  омода намуда, поӣгоҳи худро мустаҳкам созад. Маҳз, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Артиши мо ба як артиши пуриқтидор табдил ёфт. Тоҷикистон қатори кишварҳоест, ки марзу буми худро ҳимоя карда метавонад, сарбозони шуҷою, боэътимоде  дорад,  ки аз тири адӯ  Ватани худро ҳифз менамоянд. Дар ҳақиқат, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар  ҷомеа аст. Таърих гувоҳ, ки то соли 1997 Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се  навъи асосӣ — Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ, ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиавии зиддиҳавои иборат буд. Дар натиҷаи ислоҳоти ҳарбӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои мусаллаҳ оғоз гардид, то имрӯз корҳои хеле зиёд  ба сомон расонида шуданд.  Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфта, Қувваҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиавии зиддиҳавоӣ муттаҳҳид гардонида, дар сохтори бисёре аз  қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои  куллӣ ба миён омаданд.
Бояд изҳор  намуд, ки мақсад аз ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, таъмини амнияти кишвар буда, дар ин замина таъсис додани қувваҳо ва қисмҳои ҳарбии зудамал, афзоиши теъдоди умумии хизмачиёни ҳарбӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон, баъди таъсисёбӣ новобаста аз мавҷудияти мушкилот Артиши миллӣ бо аксар давлатҳои ҷаҳон аз ҷумла, Федератсияи Россия ҳамкории дуҷониба дошта, шарики стратегӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон  бояд изҳор намуд, ки низомиёни мо аз рӯзҳои  аввали  таъсисёбии Артиши миллӣ дар мактабҳои олии  Вазорати мудофиаи ин кишвар такмили ихтисос намуда, дониши ҳарбии худро баланд мебардоштанд.
Имруз мардуми тоҷик 28-солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ба ин  муносибат ба ҳамаи онҳое, ки марзу буми  кишвари моро ҳимоя мекунанд, сипосгузории  худро изҳор менамоям.

Ҳакимова Мӯтабар Валиевна

Котиби суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд
леӣтенанти калони адлия.