«Иҷрои содиқонаи рисолат»

Мавзўъи «Иҷрои содиқонаи рисолат» дар партави Паём, дар рўзномаи «Тирози ҷаҳон» таҳти №20(2927) санаи 06 марти соли 2021 ба чоп расидааст.

Паёми Президенти мамалакат ба мақоми олии қоунунгузор ва ҷомеаи кишвар дар соли  барои  мардуми кишвар дар соли барои мардум шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ — яъне истиқболи ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии истиқлолияти давлатии Ватани  азизамон пешниҳод гардид.

Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таъмини зиндагии арзанда ба шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат ба шумор  рафта, қишри осебпазири ҷомеа — маъюбон низ дар маркази диққат қарор доранд. Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳафзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва  пиронсолу бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтара сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои  саривақтиро амалӣ менамояд. Дар ин асно нафақаи ятимон аз 20 то 50 фоиз зиёд гардида, Ҳукумати кишвар барои бунёди се Мактаб-интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва  шаҳри Душанббе ўҳдадор карда шуд.

Масъалаи таъминоти моддӣ-техникӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ таҳти таваҷҷўҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор дошта, дар  Паёми имсола доир ба фаъолияти судҳо роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ўҳдадор гардиданд, ки барои баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, тайёр намудн ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо эътиюори ҷиддӣ зоҳир мегардад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар  асоси Паёмҳои қаблии Пешвои муаззами миллат ва бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барои таҳкими минбаъдаи ҳокимияти  судӣ чор  барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ қабул гардида, се  барнома татбиқ ва барномаи чорум мавриди татбиқ қарор дорад.

Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд дар соли 2021 тасмим доранд, ки дастур ва  супоришҳои сарвари олии кишварро бо масъулияти баланд ба иҷро расонида, рисолати касбии хешро содиқона ба роҳ мемонанд.

Н.Насриддинзода,
судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд,
подполковники адлия.

Ф.Усмонов,
сардори шўъбаи умумии
суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд,
майори адлия.