«Хулосабарори аз фаъолият»

Воқеъан, Паёми навбати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як навъ хулосабардорӣ аз фаъолияти давлату Ҳукумати кишвар ва дастовардҳои мардуми шарифи Тоҷикистон дар як соли охир буда, дар он барномаи ва тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ барои соли 2022 арзёбӣ гардиданд, ки он вазифа, мақсаду мароми рушди босуръати кишварро мушаххас намуд. Сарвари давлат изҳор  доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва  дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.

Пешвои миллат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро амиқ таҳлил намуда, марбут ба соҳаи саноат, яъне оид ба саноатикунонии босуръати кишвар фикру андешаи худро баён доштанд. Дар Паём таъкид гардид, ки амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонӣ имкон медиҳад, рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардад ва дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёбад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2360 адад расонида шуд. Танҳо соли 2021-ум 256 коргоҳу корхонаҳои нав сохта, мавриди истифоа қарор гирифтанд, ки дар умум 2500 ҷойи корӣ ташкил шуд.

Масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ҷавонон, ҳуқуқ, қонун ва ҷомеа, судҳо ва  ислоҳоти судӣ, терроризм, экстремизм, мубориза бар муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир. коррупсия, вазъи Афғонистон, таҳлили вазъи минтақа ва байналмилалӣ аз нуқтаи калиди амнияти давлатдории миллӣ арзёбӣ мегарданд.

Дар Паём ба масъалаи марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир диққати махсус дода шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин  бора фикру андешаи худро баён намуда, махсусан таъкид намуданд, ки: «Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмиллалӣ ба ҳисоб рафта, ба дигар ҷиноятҳои муташаккилли фаромилӣ, аз ҷумла, ифротгароӣ, савдои одамон, хариду фурўши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад. Аз ин лиҳоз, мақоми ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза ба зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият  бахшида, тамоми имкониятҳоро барои ошкор намудани гурўҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва  қочоқи маводи мухаддир сафарбар намоянд».

Ҳамзамон, Роҳбари давлат Мақомоти судиро вазифадор карданд, ки вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои  давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд. Ин моро водор месозад, ки боз ҳам сермаҳсул кор карда, дар иҷрои вазифаҳои худ устувор бошем.

Шоғуфрон Усмонзода,

Раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд

Мавзӯъи «Хулосабарорӣ аз фаъолият» дар рўзномаи «Ҳақиқати Суғд», таҳти №15(18476) санаи 03 феврали соли 2022 ба чоп расидааст.