«Донистани забон донистани ҷаҳон аст!»

«Донистани забон донистани ҷаҳон аст!»

Бузургон гуфтаанд: Забон донӣ- ҷаҳон донӣ» Дар ҳақиқат ин гуфтаи бузургонамон  дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маънои нав пайдо кардааст. Пас аз соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони тоҷикӣ диққати хоса зоҳир намуда, тавассути қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 5 октябри соли 2009 ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ мақом ва манзалати забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар ҷомеа баланд бардоштан шуд.

Бинобар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баробари тоҷикон зиндагӣ намудани қавму миллатҳои дигар, аз ҷумла ўзбекон, русҳо, туркманҳо, қирғизҳо, торҳо ва ғайра, инчунин густариш ёфтани сайёҳӣ ва рафтуомади шаҳрвандон ба хориҷи кишвар зарурати рушд додани омўзиши забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ ба миён омад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намудаанд. Ҳар як фарди бедордил барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омўхтани  забонҳои хориҷӣ кўшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати  баланд бардоштани маърифатноки худ саъю талош намояд.

Рушди омўзиши забонҳои хориҷӣ барои баланд бардоштани савияи дониш, маърифатнокии насли наврас ва умуман, шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат намуда, алоқа ва робита бо шаҳрвандони давлатҳои дигар ќавитар мегардад.

Асри 21-ро асри техника ва иттилоот номидаанд, зеро ки тавассути воситаҳои  техникӣ, рўзномаю маҷаллаҳо тамоми иттилооти заруриро ба даст овардан мумукин аст. Аз ҷумла, тавассути воситаҳои электронии иттилоот, интернет, аудио ва  видеосабтҳо дар фиттаҳо ва ғайра мустақилона низ забонҳои хориҷиро омўхтан инконпазир мебошад.

Аммо нуқтаи назари ман мутолиаи китобҳо ба забонҳои гуногун барои омўхтани забонҳои дигар нақши муҳим дорад.

Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар суханрониашон супориш  доданд, ки дар ҳар як корхона, ташкилот, муассиса, новобаста аз шакли моликияташ, китобхона ташкил кунанд, хизматчиёни давлатию кормандон ўҳдадор гарданд, ки шумораи муайян китобҳоро мутолиа намуда, бо ин  васила савияи дониш, маҳорати касбӣ ва умуман, дараҷаи маърифтанокияшонро баланд бардоранд.

Баҳри  иҷрои ин иқдомҳои Сарвари давлат ва тавсияи роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Ш.Усмонзода дар бинои суд китобхона ташкил карда шуд, ки он шумораи зиёди китобҳои соҳавӣ, илмӣ, методӣ, бадеӣ ва рўзномаву маҷаллаҳо гирд оварда шудааст, ки аз он кормандон истифода бурда истодаанд.

Боварӣ дорам, ки тавассути мутолиаи ин китобҳо ба омўзиши забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ тақвият бахшида, дараҷаи дониш, малакаи касбӣ ва маърифатнокии хизматчиёни давлатӣ ва кормандон баланд бардошта мешавад.

 

Махфуза Ҳайдарзода,

корманди суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд

 

 

Мавзўъи «Донистани забон донистани ҷаҳон аст!» дар рўзномаи «Ҳақиқати Суғд», таҳти №63(18368) санаи 29 майи соли 2021 ба чоп расидааст.