«Дастоварди бузурги таърихи навин»

«Дастоварди бузурги таърихи навин»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти беҳамтои истиқлолиятро барои мардуми мо шарҳ дода, иброз доштанд: «Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар  замони давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шўравӣ арзи ҳастӣ намуда, бо вуҷуди баъзе беадолатиҳои марзию ҷуғрофӣ, ҳафчун шакли давлатдории мутамаддини тоҷик номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва  мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Сӣ соли таърихи навини давлат ва миллати мо давраи пурфоҷиа, солҳои ҳалли масъалаи будан ё набудани давлати Тоҷикистон, таъмини сулҳу суббот, ризоият ва ваҳдати миллӣ, марҳалаи омодасозии заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба низоми комилан нав, хулоса солҳои гузоштани таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, давлатдории навини тоҷикон ва мустаҳкам намудани пояҳои он буданд.

Дар тўли 30-сол мо, пеш аз ҳама ба комёбиҳои бузурги сиёсӣ ноил гардидем. Аз тарафи аксар кишварҳои дунё расман шинохта шудани Тоҷикистон, барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ бо  бештари ин давлатҳо, узвият дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Иттиҳоди иқтисодии Авру-осиё, Созмонҳои ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амният дастаҷамъӣ ва иштироки Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияҳои СММ ба давраи нави инкишови дипломатияи тоҷик асос гузоштанд. Бори нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз  баландтарин минбари дунё-Маҷмааи умумии СММ сухан ронда, халқи тоҷик ва Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ намуданд ва онҳоро аз марому мақсади ин кишвари соҳибихтиёр воқиф гардониданд.

Дар ҳақиқат, Истиқлолият поягузори оғози таърихи навин ва  сарнавиштсози кишвари тоҷикон мебошад. Бо эъломи Истиқлолияти кишвар саҳифаи нави таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона оғоз гардид. Умуман, 30 соли Истиқлолият давраи ба вуҷуд овардани шароиту имконот барои рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон гашт.

Ин давра сулҳи пойдорро таъмин намуда, тамоми шароитро барои инкишофи кишвар фароҳам овард.

 

Оятулло Додихудозода, Осимҷон Аюбзода,

котибони маҷлиси судии

суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд.

 

Мавзўъи «Дастоварди бузурги таърихи навин» дар рўзномаи «Ҳақиқати Суғд», таҳти №107(18412) санаи 06 сентябри соли 2021 ба чоп расидааст.