Дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт

Раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Усмонзода Ш., бо котибии  лейтенанти адлия Раҳмонзода Ш. санаи 16 декабри соли 2020 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Раҳимзода Беҳзод Раҳимҷон санаи таваллудаш  23.06.1987с, зодаи  шаҳри Истиқлол,  миллаташ узбек, таҳсилоташ олии ҳарбӣ,  оиладор, соҳиби се фарзанд,  муовини сардори ситоди қисми ҳарбии  ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаи ҳарбиаш майор, қаблан суд нашуда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида нашудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Истиқлол, кӯчаи Спитамен, хонаи №88, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ  қарор дода, муайян кардааст, ки санаи 18 ноябри соли 2020 сол, соати 18:50 дақиқа, дар кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Исфара ронанда Раҳимзода Беҳзод Раҳимҷон талаботи банди 12.6 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда, воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 16-45 -ро дар ҳолати мастӣ идора кардааст.

Дар ҳолати мастӣ қарор доштани ронандаро духтури нарколог бо санади №715 аз 18.11.2020 сол тасдиқ кардааст, ки нисбати охирон аз ҷониби нозири ХРД ШБДА ШВКД-1 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ҳуқуқвайронкунанда Раҳимзода Беҳзод Раҳимҷон дар маҷлиси судӣ худро бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор наҳисобида, баёнот додааст, ки санаи 18  ноябри соли 2020, баъди хизмат ҳамроҳи рафиқонаш Эргашев М. ва Ниёззода М. барои  хӯроки шом ба ошхонаи “Барс”-и шаҳри Исфара рафта, дар он ҷо хӯрок хурдаанд. Баъди таоми шом ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-бенс” рақами қайди давлатиаш 16-45 НР 01 савор шуда, тахминан 50-60 метр рафта буданд, ки  мошинро кормандони БДА нигоҳ дошта, ҳуҷҷат талаб карданд. Ӯ, ки мошинро идора мекард, ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намуд. Кормандони БДА гуфтанд, ки ӯ нӯшидагӣ мебошад ва ба шӯъбаи милиса бурда, духтури наркологро даъват карданд. Духтур, ки Исмоилзода З. будааст, ҳолати ӯро санҷида, гуфтааст, ки дар ҳолати мастии дараҷаи сабук қарор дорад. Ӯ  ва рафиқонаш дар  вақти хӯроки шом нӯшокии спиртӣ истеъмол накарда буданд. Бо вуҷуди ин аз сабаби он, ки кормандони БДА бисёр пурсуҷӯ ва гапзанон карда, асабашро хароб намуданд, маҷбур шудааст, ки ба ҳолати мастӣ иқрор шуда, дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва хулосаи духтур имзо гузорад. Ҳамон рӯз ӯ ва ҳамроҳонаш нӯшокии спиртӣ истеъмол накарда, ҳушёр будаанд. Гарчанде баъди хизмат бошад ҳам, дар либоси низомӣ буданд. Дар иловаи худ дурустии навори видеоиро тасдиқ намудааст ва аз суд хоҳиш намудааст, ки  ба ҳолати кор баҳои воқеӣ дода шавад.

Бо вуҷуди ба гуноҳи худ дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт худро гунаҳгор наҳисобидани ҳуқуқвайронкунанда Раҳимзода Б. Р. гунаҳгории ӯ дар содири ин кирдор бо маводи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, нишондоди шоҳидон ва мутахассисон, ҳамчунин бо навори видеоии пешниҳоднамудаи кормандони  ШБДА ШВКД-1 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара пурра исбот гардидааст.

Зимни таҳлили ҳаматарафа, пурра ва воқеъбинонаи тамоми ҳолатҳои парванда суд аз рӯи ақидаи ботинии худ муайян намудааст, ки санаи 18.11.2020 сол, соати 18:50 дақиқа, дар кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Исфара ҳуқуқвайронкунанда Раҳимзода Беҳзод Раҳимҷон бархилофи талаботи банди 12.6 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро амал намуда, воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 16-45 НР01-ро дар ҳолати мастӣ идора кардааст.

Бо дастрасии моддаҳои 140-142 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя қарор кард, ки Раҳимзода Беҳзод Раҳимҷон бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста ва бо ҳамин модда ба ӯ ҷазои ҷарима ба андозаи 300 (сесад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 17400 (ҳабдаҳ ҳазору чорсад) сомонӣ ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол таъин карда шавад.