Чамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Имрўз дар суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, бахшида ба «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомади  тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанвиро раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, Усмонзода Ш. ифтитоҳ намуда, судяҳои суди ҳарбӣ, коромўз — судяи суди ҳарбӣ ва ҳайати кормандони суди ҳарбии гарнизони Хуҷандро  бо ин рузи фархунда, муносибати Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарафманди кишварамон дар фазои сулҳу суббот, осоишу амният ва пешрафту дастовардҳои назаррас таҷлил мекунанд, муборакбод намуд.

Дар идомаи суханронӣ раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Усмонзода Шоғуфрон қайд намуд, ки таҷлили Рӯзи Президент, имсол ба даврае рост омадааст, ки мардуми сарбаланди Ватани маҳбубамон, ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатиро бо тантанаву шукӯҳи хос ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуда истодаст.

Хизматҳои шоистаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, аз ҷониби мақоми Олии қонунгузории кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2015 унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат сазовор дониста шуд ва дар ин хусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» аз 25 декабри соли 2015 қабул гардид. Баъдан бо назардошти таклифу пешниҳодҳои олимону мутахассисон, коршиносон Қонуни зикршуда дар тарҳи нав бо номи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз 14 ноябри соли 2016, №1356 қабул карда шуд.

Дар ҳақиқат гузашти солҳо собит намуд, ки дар воқеъ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати бобарор ва хирадмандонаву дурандешонаи хеш бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ барои рушду пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хизматҳои беназирро анҷом додаанд. Ин ҳама сулҳ, ваҳдат, ободӣ, рушд, амният, ҷовидонагии давлати миллии мо натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаи муҳими тақдирсози таърихи навини халқи тоҷик мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субботи пойдор, ки илҳомбахшу муттакояш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, бароямон имконияти фароҳам овард, ки бо татбиқи қонунгузорӣ, барномаю нақшаҳои давлатии рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ обрўю эътибор ва мақому ҷойгоҳи сазовори байналмиллалии Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳон таъмин намоем.

Шоиста зикр аст, ки мардуми азизи кишварамон Истиқлолияти давлатиро бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷаҳон ифтихору саодат ва руҳияи баланди идона истиқбол мегиранд.

Бигзор Истиқлолияти давлатӣ ба хонадони ҳар як хамватани мо файзу баракат оварда, қалбҳоро аз пирўзиҳо шарафёбу саршори нишон гардонад ва дар саъю кўшишишҳои ҳамарўзаамон  бо ҳидояту сарварии Пешвои муаззами миллат баҳри боз ҳам пешрафту шукуфоии диёри куҳанбунёдамон илҳоми тоза бахшад.

Бори дигар, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро инчунин кормандони азизи худро, ки дар манотиқи гуногуни кишвар баҳри тантанаи адолати судӣ, заҳмати арзанда доранд бо Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар корҳои ҳамарӯзаашон пешравиҳои назаррасро орзу дорам.

Баъдан ҷамъомади тантанвӣ идома дода шуда, дар навбати худ котиби судии суди ҳарбӣ, лейтенанти хурди адлия Қурбонов Беҳруз Баҳромович дар мавзўи худ «16 ноябр — Рўзи Президент» баромад намуда, қайд намуд, ки мувофиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия ҳисоб шуда, хомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили  истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии  фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкорони онҳо, риояи қарордодҳои байналмиллалии Тоҷикистон мебошад.

Бинобар ин, бузургдошти «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маънои дарки аҳамияти калиди ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчун, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандўст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.

Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рўзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гарида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.

Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо табдирҳои хирадмандона ва матону ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо  ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд. Бо талошу заҳмат, ҷонфидоиву ҷоннисориҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва он рўзи муборак Рўзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд.

Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кўтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гўшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Бузургтарин дастоварди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Сардори давлат Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэтимод гузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро  барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем»

Дар тўли сӣ соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ-артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонад. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гарида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.

Сипас ҷамъомади тантанавӣ идома додашуда, дар навбати худ котиби маҷлиси судии суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, капитани адлия Холзода Мирзосолиҳ Шариф дар мавзўи худ «Дастовардҳои Президент ва Истиқлолият» баромад намуда, қайд намуд, ки дар баробари муваффақиятҳои  бадастомада мушкилотҳои  мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Хуб медонанд, ки Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ баъди пирўзӣ дар интихоботи навбатии президентии соли 2020, ҳангоми савгандёдкунӣ, бори дигар иброз дошт, ки ў барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳад кард. Бале, ў яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати мо барҳак бо Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунанд.

Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун бадастоварандаи сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ халқу миллат, ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дўст медорад. Баҳри беҳбудии некўаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ўро халқ дўст медорад ва чун Роҳбари давлат эътироф мекунад.

Ҳамин дўстдории уст, ки халқ ўро дар рўзи интихоботи навбатӣ аз сари нав Сарвари худ пазируфт. Дар ҳақиқат, ў ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дўстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи вай сахт марбут аст.

Тўли 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Сарвари давлат будани Эмомалӣ Раҳмон кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти  коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам  пайвастанд. Рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи ўст.

Орзумандам дар Тоҷикистони мо сулҳу Ваҳдат, тинҷию оромӣ ҳамеша пойдор бошад.

Сипас ҷамъомади тантанавӣ идома додашуда, дар навбати худ котиби судии суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, лейтенанти калони адлия Ҳакимова Мутабар Валиевна дар мавзўи худ «Рўзи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, қайд намуд, ки Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст.

Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.

Аз ҷумла, меъёрҳои моддаи 67 Конститутсия пешбинӣ намояд, ки Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад.

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Мақсад аз рузи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.

Бояд қайд кард, ки маҳз сиёсати хирадмандона ва талошу  заҳматҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки хавфи аз байн рафтани Академияи илмҳоро дар солҳои баъд аз ҷангї, таҳмилӣ нигоҳ дошт. Бо мақсади рушду инкишофи илми тоҷик мунтазам аз ҷониби Роҳбари давлат ғамхориҳои зиёд зоҳир гардида, тамоми кўшишу ғайрат ва ҳидояти ин абармарди миллат ба иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамзамон рушди илмҳои буднёдӣ дар амал тадбиқ гардида истодааст. Имрўз тамоми  шароит барои рушди илм ва робитаи илм бо истеҳсолот, ғамхорӣ дар ҳаққи олимони ҷавон ва корҳои зиёде дар ин самт гувоҳи гуфтаҳои болост.

Беҳуда нест, ки мардуми мо Сарвари худро Президенти мардумӣ ном ниҳоданд. Чунки ў худ аз байни халқ баромада ба дуруду ғами халқ шарик аст.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ба андешаи ман барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад, зеро тавре халқ мегӯяд: «Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест».

Бо рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизам ва ҳамкасбони гиромиро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям. Инчунин дар фаъолияти корӣ ва амалисозии адолати судӣ комёбиҳоро орзу менамоям.

Сипас ҷамъомади тантанавӣ идома додашуда, дар навбати худ котиби маҷлиси судии суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, капитани адлия Додихудозода Оятулло Аламшо дар мавзўи худ «Пешвои миллат ва дастовардҳои истиқлолият» баромад намуда, қайд намуд, ки дар давраи мушкилу хасос тақдири миллатро  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма гирифтанд, ки мо инро ҳеч гоҳ фаромуш карда наметавонем. Пешвои миллат аз рўзҳои аввал кўшиш намуданд, то вазъи сиёсии кишварро ба эътидол оваранд. Бо гузашти солҳо таърих собит намуд, ки маҳз бо шарофати хизматҳои бузурги Сарвари хирадманди кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва хиради бузурги сиёсии Тољикистон ба сарзамини сулҳу салоҳ табдил ёфт. Дар муддати начандон кўтоҳ Тоҷикистон ба рушти бо суботи иқтисодӣ муваффақ гашт.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ вазъ дар ҷумҳурӣ ба эътидол оварда шуд. Яке аз ҳадафи асосие, ки Пешвои миллат баъди барқарор намудани сулҳу суббот дар назди худ гузоштан, масалаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ, бекорӣ ва ба ин восита таъмин намудани шуғли аҳоли буд. Бо ин мақсад Пешвои миллат як қатор қарорҳоро қабул намуд, ки бобати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ замина гузошт. Таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат ба  ҷои кори доимӣ яке аз вазифаҳои мураккаб дар назди давлат мебошад. Таҷриба нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт натиҷаи хуб дошта, ба ҳар як шаҳрванд имконияти кор ва фаъолият фароҳам оварда шуд. Бо заҳмату талошҳои Пешвои  миллат дар мамлакат солҳои охир  даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ сохта ба истифода дода шуданд. Бо истифода аз мавҷуд будани иқтидори бузурги истеҳсоли қувваи барқ дар ҷумҳурӣ Пешвои миллат ба амалисозии тарҳхои муҳим дар соҳаи энергетика шуруъ намуд, ки муҳимтарини онҳо неругоҳҳои барқии обии Сангтўда — 1 ва Сангтўда — 2, нерўгоҳи Роғун ва садҳо неругоҳҳои хурди барқӣ мебошанд.

Дар бораи саҳми Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз метавон далелҳои зиёд овард. Муҳимтар аз ҳама, имрўз тавре ҳамагон шоҳидем, ҳадафҳои стратегии Пешвои миллат барои муҳайё намудани  шароити харчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар заминаи мусоидат фароҳам оварда истодааст. Аз ин рў, дар ҷавоб ба ин ҳама сокинони кишварро зарур аст, ки дар амалӣ гардидани сиёсатӣ хирадмандонаи Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд.

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пӯшида эълон гардид.