Чамъомади тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чамъомади тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имруз санаи 06 сентябри соли 2021 дар суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади  тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанвиро судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, полковники адлия Искандарзода Шаҳриёр ифтихор намуда, ҳайати кормандони суди ҳарбии гарнизони Хуҷандро  бо ин рузи фархунда, муносибати ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарафманди кишварамон дар фазои сулҳу суббот, осоишу амният ва пешрафту дастовардҳои назаррас таҷлил мекунанд, муборакбод намуд.

Қайд намудан зикр аст, ки «Имруз ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ дар остонаи таҷлиси ҷашни фархунда 30-Солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва ба руҳияи болида бо ифтихормандӣ аз ин неъмати таърихи барои истиқболи сазовор, омодагӣ мегиранд, маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ҳамаи самту соҳаҳо рушд намуда, нишондиҳанаҳои баланд ноил гардиданд.

Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субботи пойдор, ки илҳомбахшу муттакояш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, бароямон имконияти фароҳам овард, ки бо татбиқи қонунгузорӣ, барномаю нақшаҳои давлатии рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ обрўю эътибор ва мақому ҷойгоҳи сазовори байналмиллалии Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳон таъмин намоем.

Шоиста зикр аст, ки мардуми азизи кишварамон Истиқлолияти давлатиро бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷаҳон ифтихору саодат ва  руҳияи баланди идона истиқбол мегиранд.

Бигзор Истиқлолияти давлатӣ ба хонадони ҳар як хамватани мо файзу баракат оварда, қалбҳоро аз пирўзиҳо шарафёбу саршори нишон гардонад ва дар саъю кўшишишҳои ҳамарўзаатон  бо ҳидояту сарварии Пешвои муаззами миллат баҳри боз ҳам пешрафту шукуфоии диёри куҳанбунёдамон илҳоми тоза бахшад.

Дар остонаи ин Ҷашни бузурги давлатӣ ба Шумо сиҳатмандӣ, умри дарози пурбаракат, саодати рўзгор ва дар фаъолияти пурмасъули касбиатон комёбиҳои беназирро таманно менамоям.