«БАРОИ НАСЛИ ОЯНДА НАМУНА БОШЕМ».

Ҳар сол дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як чизи нав, як паёми тозае ироа мегардад, ки баҳри пешрафти кишвар мусоидат менамояд. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 ироа гардид, барои мардуми диёрамон саршор аз навиди неку фараҳбахш буд.
Президенти мамлакат бо дарназардошти дар соли равон таҷлил гардидани 30-солагии қабули Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 дар ҷумҳуриамон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Сарвари давлат таъкид намуданд: «…Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистон соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад».
Шоёни зикр аст, ки ба кишвари тозаҷавони мо амалӣ намудани меёрҳои Конститутсия имкон додааст, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон ёбанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шаванд, рушди устувори иқтисодӣ таъмин гардад, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё гардад.
«Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ҳар як узви фаъоли ҷомеаро вазифадор менамояд, ки боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем.
Дар ҳақиқат гуфтан ба маврид аст, ки дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ ҷоиз аст.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки барои насли имрӯз дар самти риояи қонуният намунаи ибрат бошем ва танҳо дар доираи қонун фаъолият кардан ба меъёри ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.

Фахриддин Аъзамзод,
котиби маҷлиси судии
Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд

Илҳои Искандарзода,
Акбар Сафаров
котибони малиси судии
Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд

Мавзӯъи «Барои насли оянда намуна бошем» дар Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» таҳти №71 (18842) санаи 11 июни соли 2024 ба чоп расидааст.