Ҷазои ҷиноятӣ барои фирор — худсарона аз қисми ҳарбӣ баромада рафтани хизматчии ҳарбӣ

Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд дар ҳайати раисикунанда подполковники адлия Бобоҷонзода Б., бо котибии Матлубзода М.М., бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ подполковники адлия Раҳимзода Ф.Г. санаи 19 октябри соли 2020 дар маҷлиси ошкории судӣ дар бинои қисми ҳарбии 03377 Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда Сатторзода Муҳаммадшариф Абдусалом санаи таваллудаш 31 декабри соли 2000, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳури Тоҷикистон, хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 07746 Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаи ҳарбиаш қаторӣ оиди содир кардани ҷиноят бо моддаи 375 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, муайян кард, ки судшаванда қаторӣ Сатторзода М.А. дар чунин ҳолат ҷинояти фирор, яъне худсарона аз қисми ҳарбӣ баромада рафтани хизматчии ҳарбӣ дар асоси даъват адои хизмат карда истода, бо мақсади саркашӣ аз адои хизмати ҳарбиро содир намудааст.

Чунончӣ, судшаванда қатори Сатторзода М.А. санаи 07 апрели соли 2019 аз ҷониби комиссияи даъватии ноҳияи Рудакӣ ба хизмати ҳақиқии ҳарбии мӯҳлатнок даъват кардашуда, ба қисми ҳарбии 07746 Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонда шудааст, ки судшаванда қатори Сатторзода М.А. дар қисми ҳарбӣ адои хизмати ҳарбӣ карда истода, санаи 08 майи соли 2019 тахминан соати 21:40 дақиқа бо мақсади саркашӣ кардан аз хизмати ҳарбӣ худсарона аз қисми ҳарбӣ фирор намудааст. Санаи 24 иююни соли 2020 судшаванда қаторӣ Сатторзода М.А. аз ҷониби кормандони РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дастгир карда шудааст. Ҳамин тариқ, судшаванда қаторӣ Сатторзода М.А. аз 08 майи соли 2019 то 24 июни соли 2020, яъне дар давоми 1 (як) солу 1 (як) моҳу 16 (шонздаҳ) шабонаруз аз иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ саркаши кардааст.

Суд ба кирдори судшаванда қаторӣ Сатторзода М.А. баҳои ҳуқуқи дода, ҳаракатҳои ӯро бо моддаи 375 кисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои фирор, яъне худсарона аз қисми ҳарбӣ баромада рафтани хизматчии ҳарбӣ дар асоси даъват адои хизмат карда истода. бо мақсади саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ. муқаррар кардааст, банду баст менамояд, зеро гуноҳи судшаванда дар содир намудани ин ҷиноят ба ғайр аз нишондидоди худиқроиаш, бо дар маҷму бо дигар далелҳои дар рафти тафтиши пешакӣ ҷамъовардашуда исботи худро ёфтааст.

Ҳамин тариқ, суд мутобиқи талаботи моддаи 310 қисми 6 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки нисбати судшаванда қаторӣ Сатторзода М.А. бо моддаи 375 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми айбдоркунӣ бо таъини ҷазо ва адои он қабул намояд.

Бо дастрасии моддаҳои 310, 332-336, 338-339, 341-344, 347-348 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд ба Сатторзода М.А. бо моддаи 375 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба ӯ бо ин қисми мода ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 1 (як) сол, бо нигоҳ доштан дар коллонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин кард.