Ҷамъомади тантанавӣ, бахшида ба Рузи Забони Давлатӣ ва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имрўз 05 октябри соли 2021 дар суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бахшида ба Рузи Забони Давлатӣ ва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Усмонзода Ш. ифтитоҳ намуда, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро ба ифтихори Рузи Забони Давлатӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо мебошад, самимона табрик намуд.

Қайд намуд, ки забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побаҷо нигоҳ дошта, марифату фарҳанг,  ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад.

Ин аст, ки забони тоҷикӣ асоси ҳуввияту худшиносии милии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тўли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои ғаниву сарватмандӣ ҷаҳон буда, қудрати ифода кардани кулли мавҳумҳоро дорад.

Забони тоҷикӣ аз даврони қадим на танҳо забони фарҳангу адаб, балки забони илм, аз ҷумла илмҳои дақиқу табий низ ба шумор мерафту меравад.

Сипас Раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Усмонзода Шоғуфрон аз номи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Ш.Мирзо барои хизматҳои софдилона ва ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонд, бо ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст, супорида шуд.

Аз ҷумла, дар ҷамъомади мазкур аз тарафи раиси суди ҳарбии гарнизон Хуҷанд,  судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд полковники адлия Искандарзода Ш. ва якчанд нафар кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд барои  ҳамкориҳои судманд ва бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳое, ки аз тарафи Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерад-полковник, Ш.Мирзо сарфароз гардонида шудаанд, супорида шуд.

Судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд полковники адлия Искандарзода Шаҳриёр

Майори адлия Усмонов Фаридун Нематуллоевич

Капитани адлия Додихудозода Оятулло Аламшо

 

Капитани адлия Искандарзода Илҳомҷон  Саттор.

 

 

 

Капитани адлия Холзода Мирзосолих Шариф