Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатӣ».

Имрӯз дар суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, бахшида ба «Рӯзи Парчами далвлатӣ» ҷамъомади  тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанвиро раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, Усмонзода Ш. ифтитоҳ намуда, судяҳои суди ҳарбӣ, коромӯз — судяи суди ҳарбӣ ва ҳайати кормандони суди ҳарбии гарнизони Хуҷандро  бо ин рузи фархунда, муносибати Рӯзи Парчам», табрику таҳният гуфта, барояшон тани сиҳат, хотири ҷамъ, барори кор ва саодати рӯзгор таманно намуд.

Дар идомаи суханронӣ раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Усмонзода Шоғуфрон иброз кард, ки Парчами давлатӣ, ки имрузҳо дар саросари кишвари азизамон ҷилвагар аст, таърихи беш аз чаҳорсола дошта, масъалаи қабули он, дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, санаи 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Рангҳои  дилкаши он яке сурх, ки рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол мебошад, ранги сафед нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият буда, эҳтироми халқро барои Ватан, ободии он, фазои орому осуда ва шукуфоии Тоҷикистони азиз таҷассум карда, халқро барои Ватан, ободии он, фазои орому осуда ва шукуфоии Тоҷикистони азиз таҷассум карда, халқро ба зиндагии шоиста ҳидоят менамояд.

Инчунин раиси суд, қайд намуд, ки Парчам рамзи муқаддаси давлатдорӣ мебошад, ки бо заҳмати талошҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу Ваҳдат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомали Раҳмон рӯи кор омада, имруз бо шукуҳу шаҳомат ва баландиаш дар олам бе назир аст!

Иди Парҷам муборак ҳамдиёрони азиз.

Баъдан ҷамъомади тантанвӣ идома дода шуда, дар навбати худ сардори шӯъбаи умумии суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, майори адлия Усмонов Ф.Н. дар мавзӯи худ «Парчамат бодо Парафшон» баромад намуда, иброз намуд, ки Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва яке аз рамзҳои асосии давлат қабул шудааст.

Парчами давлатӣ чун рамзҳои дигари давлатӣ рамзи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат буда, симои воқеӣ ва таърихии онро дар намуди ба худ хос инъикос мекунад.

Парчами давлатӣ рамзи баҳамоии миллат, якпорчагии давлат ва соҳибистиқлолию комилҳуқуқӣ мебошад. Ранги сурх рамзи мубориза, ҷоннисории халқ баҳри озодӣ ва истиқлол аст. Ранги сафед рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, осоиштагиву сулҳ, имрӯзу ояндаи дурахшони мост. Ранги сабз бошад, нишони сабзӣ, нумӯъ ва сарбаландӣ, некию хуррамӣ мебошад.

Ҳафт ситора низ рамзи нек дошта, таҷассуми давлатдории миллат аст. Ситораҳо рамзи бахт ва пайвастагӣ бо халқ ҳост.

Парчами давлатӣ рукни асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Бо дидани парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегардад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба рамзҳои давлатӣ, садоқату эҳтиром зоҳир мешавад.

Санаи қабули Рӯзи Парчам ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бори нахуст 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ба соҳибистқлоливу соҳибихтиёрӣ таҷлил гардид, ки ин ифтихори азим аст.

Баъдан ҷамъомади тантанвӣ идома дода шуда, дар навбати худ котиби маҷлиси судии суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, майори адлия Аюбзода О. дар мавзӯи худ бахшида ба «Парчами Тоҷикистон поянда бод», қайд намуд, ки Ҷашни Парчам ин аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бо фарҳанг ва соҳиби тамадуни бой дар ҷахон муаррифӣ месозад.

Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси хастӣ ва  пойдории давлатдории ин миллати абарқудрат аст.

Бояд гуфт, ки Рамзҳо хеле муқаддас мешаванд ва дар баробари ин он аломатҳо, рангҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме мазмунҳои аниқ доранд, ки дар онҳо агар аз як тараф гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи  таърихият ба эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар меросбарии арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, маъновию илмӣ ва дигар дигаре, ки дар гузашта буд ва мо то ба имрӯз онро идома дода истодаем, ифода ёфтааст.

Парчам бо муқаддасии худ барои андешаву фаҳмиши даркии инсон мавод медиҳад.

Эҳтироми волои Парчам дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ вазифаи асосӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.

Парчами давлатиро, ки рамзи давлатдории миллати тоҷик аст, осон гирифтан мумкин нест, ба рамзҳо он чунон, ки худашон муқаддас ва сермаъно ҳастанд ҳамон тавр муносибат кардан зарур аст, яъне эҳтиром гузоштан ба Парчам рамзи давлатӣ ин эҳтиром ба  худи худ, ба мавқеъ, ба чойгоҳ, ба ҳамсоя, ба ҷомеъа, ба тарих, фарҳанги гузашта, ба он муборизаҳоест, ки тавассути он мо имрӯз ба истиқлолият расидаем, ин як навъ ҷоннисорӣ, ҷонбозист ва арзишҳоест, ки ҳудуду паҳно надоранд ва хулоса, ин як навъ номуси хирад ва анлешга аст. Зеро Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, шаҳодати соҳибихтиёрӣ, мустақилӣ ва соҳибистиқлолии Ватани азизамон буда, дар он роҳи пешгирифтаи ҳаёти ҷаиъиятии халқамон, рушди ҳиссиёти миллӣ, диёри сарсабзиву зиндагии осоиштаи мардуми озодихоҳ инъикос ёфтааст.

Бори дигар ҳамаи Шумоёнро бо иди Парчам табрик менамоям.

Баъдан ҷамъомади тантанвӣ идома дода шуда, дар навбати худ мутахассиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Матлубзода Мубина Матлуби, сараввал ҳамкасбони худро бо  рӯзи ҷашни  Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд, ва дар мавзӯи худ бахшида ба «Рӯзи ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон», баромад намуда, иброз намуд, ки ҷашни Парчам ин аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бо фарҳанг ва соҳиби тамадуни бой  дар ҷаҳон  муаррифӣ месозад.

Он тасвири рангҳо, он тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар парчам акс ёфтааст, мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷҷасум кардааст ва ҳар кас  метавонад онро  вобаста ба малакаву фаҳмиши худ шарҳ диҳад, масалан, вобаста ба маъно ва мазмуни ин рангҳои дар парчам интихобшуда ва  тоҷ бо ҳафт ситора,  фикрҳои мухталиф миёни муҳаккикон мавҷуд аст, ки яке онро  ишора ба табиати зебоманзари Тоҷикистон мансуб дониста, дигаре ҳафт ситораро, ки рақами ҳафт дар мардуми мо хело муқаддас аст, ба ҳафт зинаи камолоти умри инсон, ҳафт рӯзи ҳафта, мансуб донистааст.

Аммо ба тарви  амиқи тасдиқшуда ранги сурх дар парчам ин мубориза ва ҷоннисоркуниҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед бошад-бахту иқболи сафед, покизагӣ буда, ранги  сабз –саъю кушиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанамон мебошад.

Тасвири тоҷ дар парчам ин нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустиқилияти кишвар буда, ҳафт ситора-ин  ҳафт иқлим, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон, ҳафт рӯз дар назар дошта шудааст.

Парчам  бо муқаддасии худ барои андешаву фаҳмиши  даркии инсон мавод медиҳад.

Эҳтироми волои Парчам дар баробари  Нишон ва Суруди Миллӣ  вазифаи асосӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Гузашта аз ин Қонунгузор дар моддаи 11 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст, ки риояи талаботи Қонуни мазкур ба зиммаи роҳбарони мақомотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур ва таҳқири рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Парчами давлатиро, ки рамзи давлатдории  миллати тоҷик аст, осон гирифтан мумкин нест, ба рамзҳо он чунон, ки худашон муқаддас ва сермаъно ҳастанд ҳамон тавр муносибат кардан зарур аст, яъне эҳтиром  гузоштан ба  Парчам рамзи давлатӣ ин эҳтиром ба худи худ, ба мавқеъ, ба ҷойгоҳ, ба ҳамсоя, ба ҷомеъа, ба таърих, фарҳанги гузашта, ба он муборизаҳоест, ки тавассути он мо имрӯз ба истиқлолият расидаем, ин як навъ ҷоннисорӣ, ҷонбозист ва арзишҳоест, ки ҳудуду паҳно надоранд ва хулоса, ин як навъ номуси хирад ва андеша аст. Зеро Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, шаҳодати соҳибихтиёрӣ, мустақилӣ ва соҳибистиқлолии Ватани азизамон буда, дар он роҳи пешгирифтаи ҳаёти ҷамъиятии халқамон, рушди ҳиссиёти миллӣ, диёри сарсабзиву зиндагии осоиштаи мардуми озодихоҳ инъикос ёфтааст.

Дар охир судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, подполковники адлия Насриддинзода Н.Н ҳамаи ҳамкасбони худро бо Ҷашни Иди Парчам бо самими қалб табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар корҳои ҳамарӯзаашон пешравиҳои назаррасро орзу кард.

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатӣ» пӯшида эълон гардид.