Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 03377 Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Имруз  санаи 05 ноябри соли 2021 судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд полковники адлия Искандарзода Шаҳриёр бо ҳамроҳии кормандони дастгоҳи суди ҳарбӣ ҳарбии гарнизони Хуҷанд, капитани адлия Холзода М.Ш., лейтенанти калони адлия Ҳакимова М.В., мутахассиси суди ҳарбӣ Матлубзода М.М., ба қисми ҳарбии 03377 Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташриф оварда, бо иштироки командири қисми ҳарбӣ полковник Файззода Б., сардори ситоди қисми ҳарбии 03377 подполковники адлия Оқилов Л. бо афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии мазкур мулоқоту вохӯрӣ бахшида ба Рузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.

Ҷамъомадро сардори ситоди қисми ҳарбии 03377 подполковники адлия Оқилов Л. кушода эълон намуда, суханро ба судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд полковники адлия Искандарзода Шаҳриёр дод.

Ҷамъомади тантанвиро судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, полковники адлия Искандарзода Ш. ифтитоҳ намуда, ҳайати шахсӣ ва афсарону сарбозони қисми ҳарбии 03377 Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро бо ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яке онҳо бахту саодат, осоишу оромӣ ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон пешравиҳои боз ҳам бештар орзу намуд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки мардуми  шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандорӣ ҷашн мегиранд, зеро маҳз ба шарофати амалӣ гардидани меёрҳои ин санади сарнавиштасоз ҷомеаи мо аз давраи бисьёр душвори таърихӣ раҳоӣ ёфта, дар ҳамаи соҳаҳо тадриҷан ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва имрӯз ба сӯи фардои боз ҳама ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муборак бошад!

Сипас, сардори ситоди қисми ҳарбии 03377 подполковники адлия Оқилов Л., суханро ба корманди дастгоҳи суди ҳарбӣ ҳарбии гарнизони Хуҷанд, капитани адлия Холзода М.Ш. дод.

Дар навбати худ капитани адлия Холзода М.Ш. дар мавзӯӣ «Конститутсия-қонуни асосӣ» сухан ронда, қайд намуд, ки дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлоли мо имсол ҷашни бузургтарин 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Қонуни асосии давлат, санади меъёрию ҳуқуқии қувваи олидоштаи давлат мебошад, ки асосҳои низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии давлатро дар худ ифода намуда, муносибатҳои ҷамъиятие, ки раванди амалӣ гардонидани чораҳои асосии ташкили ҷамъият ва давлат ба вуҷуд меоянд, ба танзим медарорад. Дар он асосҳои бунёдии сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ тобеъияти ҳокимият, хусусияти моликият, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, сохти ҳудудӣ ва давлатӣ, низоми ба амал баровардани ҳокимияти халқӣ инъикос карда мешаванд.

Аз таърихи кишвари худ мо огоҳ ҳастем, ки маҳз қарорҳои тақдирсози Иҷлосияи 16-ум, ки аксарият бо пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуда буданд, барои қабули қонуни асосии кишвар заминаи бунёдӣ гузоштанд.

Баҳри дар ҳаёт татбиқ намудани ҳадафҳои дар қонуни асосии кишвар пешбиникардашуда халқи Тоҷикистон бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 26-соли мавҷудияти ин ҳуҷҷати тақдирсоз ба дастовардҳои беназир ноил гардид, ки рушди ояндаи мамлакати азизамонро барои даҳсолаҳои минбаъда муайян намуд.

Дар ин давра чандин қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии мукаммали замонавӣ доир ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният, доир ба муносибатҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва соҳибкорӣ, дар самти меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, илм ва маориф, доир ба молия, андоз, гумрук ва фаъолияти бонкӣ, доир ба масъалаҳои аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист, дар самти ҳуқуқи байналмиллалӣ қабул карда шуданд, ки рушди бароми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатиро таъмин намуданд.

Барои амал намудани ин ҳадафҳо 26 сентябри соли 1999 ба тариқи райпурсии умумихалқи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таѓйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо барои рушду такомули давлату давлатдории миллӣ мусоидат намуданд.

Ҳамин тавр 22 июни соли 2003, 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райпурсии умумихалқӣ таѓйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Мувофиқи таѓироту иловаҳои охирин ба моддаи якуми Конститутсия қисми 2 илова карда шуд, ки тибқи он шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президентӣ ифода мегардад.

Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ меъёрҳои пешбури тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифт ва татбиқи ин меъёрҳо барои рушду нумӯи бемайлони кишвар боис гардид.

Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон яке аз демократикунонидатарин Конститутсия дар ҷаҳон эътироф карда шуда, аз 10 боб ва 100 моддаи иборат мебошад. Боби чаҳоруми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президент бахшида шудааст. Аз моддаи 64 то 72 дарбар мегирад.

Дар боби мазкур салоҳият ва ваколатҳои Президент дарҷ гардидааст.

Сарвари давлат баъди қабули Конститутсия баҳри суръат бахшидани ислоҳоти ҳуқуқӣ, амалигардонидани сиёсати  ҳуқуқии кишвар бо иқдому ташаббусҳои бузурги қлонунгузорӣ баромад намуданд, ки баҳри таҳкими сатҳи волоияти қонун ва қонуният дар кишвар нигаронида шуда буданд.

Дар заминаи дастуру ҳидоятҳо ва Паёмҳои Сарвари давлат чандин стратегияҳо, консепсияҳо. барномаҳо, Кодексҳо, Қонунҳо, қарорҳо қабул кардашуда, ислоҳоти ҳуқуқӣ бомаром идома дода шуд.

Бо ташаббуси қонунгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин қонунҳои муҳим ба монанд Кодексиҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии иқтисодӣ. оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, чандин қонунҳо «Дар бораи авф», Дар бораи ворид намудани  таѓйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон». «Дар бораи ворид намудани таѓйиротҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар  бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд». Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардашуда» ва даҳҳо дигар қонунҳои ҷавобгӯ ба муносибатҳои имрӯза қабул карда шуданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи миллату давлат, ҳуҷҷати тақдирсоз ва қутбнамои давлату ҷомеаи навини мо мебошад. Конститутсия санадест, ки меъёрҳои он мустақиман амал менамоянд, зеро ин ҳуҷҷати олии ҳуқиро худи халқи мамлакат тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудаанд.

Аз ин хотир риоя, эҳтиром ва иҷрои меъёрҳои  Конститутсия-қонуни асосии давлат вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Сипас, сардори ситоди қисми ҳарбии 03377 подполковники адлия Оқилов Л., суханро ба мутахассиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Матлубзода М. дод.

Мутахассиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Матлубзода М. дар мавзуӣ «Конститутсия — сарчашмаи қонунҳо ва  инъикоскунандаи раванди демократикунонии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон» сухан намуда, қайд намуд, ки баъд аз барҳам хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ ва соҳибихтиёр гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурият пеш омад, ки мо халқи Тоҷикистон Конститутсияи давлати соҳибихтиёри худамонро таҳия ва қабул намоем.

Мақсад аз тайёр кардани лоиҳаи конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама баланд бардоштани вазъи ҳуқуқии конститутсионии Тоҷикистон, ба соҳибихтиёрии расмию давлатии Тоҷикистон додани мазмуни ҳақиқӣ ва таъмин намудае тараққиёти пуравҷи ҷумҳуриявӣ буд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шиносномаи давлати Тоҷикистон мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки пеш аз ин мардуми Тоҷикистон муқаррароти чор Конститутсияи даврони шӯравиро паси сар намудааст, ки ин ҳам бошад аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мухтори Шӯравӣ Сотсиалистии Тҷикистон, ки 28 апрели соли 1929 дигараш аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 1931, сеюмаш Конститутсияи Ҷумҳурии  Шуравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон 1 марти соли 1937 ва Конститутсияи Ҷумҳурии Шуравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон соли  1978 қабул шудаанд.

Бо қарори раиси комиссияи конститутсионӣ аз 26 июли соли 1993 мӯҳтарам Эмомали Раҳмон-Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, 4 сентябри соли 1993 якумин маҷлиси ин комиссия баргузор шуд ва дар он зарурият аз нав сар кардани кор оиди лоиҳаи Конутситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид.

Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияи  президентиро ба муҳокимаи мардум пешниҳод карда, бо назардошти эродҳои мардум ба он тағйиротҳои лозимӣ дароварда, 21-22 апрели соли 1994 ин лоиҳаро дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ интишор намуд ва  муҳокимаи он оғоз гардид. Санаҳои 21-22 июли соли 1994 Конститутсия дар иҷлосияи 19 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардида ба райпурсӣ тавсия карда шуд.

Мардуми Тоҷикистон санаи 06 ноябри соли 1994 тавассути умумихалқӣ Конститутсияи давлати соҳибихтиёри хешро қабул намуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 10 боб ва  100 моддаи иборат буда:

— боби якум, асосҳои сохтори конститутсионӣ ном дошта, аз моддаи1 то моддаи 13;

— боби дуюм, ҳамчун инъикоскунандаи ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, аз моддаи 14 то моддаи 47;

— боби сеюм, пурра ба сохтор ва салоҳияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, аз моддаи 48 то моддаи 63;

— дар боби чорум, сухан дар бораи Президент, салоҳияти Президент, санадҳои ҳуқуқии Президент ва дахлнопазирии Президент рафта, аз моддат 64 то моддаи 72;

— дар боби панҷум сохтор ва ваколатҳои  Ҳукумат таҷассум ёфта, аз моддаи 73 то моддаи 75;

—  боби шашум, Ҳокимияти маҳаллӣ ном дошта, аз моддаи 76 то  моддаи 80;

— боби ҳафтум ВМКБ ном дошта, аз моддаи 81 то моддаи 83;

— боби ҳаштум, ба низом, сохтор ва салоҳияти суд бахшида шуда, аз моддаи 84 то моддаи 92;

— боби нӯҳум, прокуратура ном дошта, аз моддаи 93 то моддаи 97;

— боби даҳум, тартиби таѓйири Конститутсия ном дошта, аз моддаи 98 то моддаи 100-ро дар бар мегирад.

Агар та таври дигар гӯем мазмуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 давраи ҳозираи барпоёбии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва хусусиятҳои он, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии ВМКБ, сохти марзиюю маъмурии Тоҷикистон, низом, тарзи ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатии ҷумҳуриро инъикос мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҳуқуқӣ-конститутсиониро ба танзим медарорад. Муносибатҳои ҳуқуқӣ-конститутсионӣ гуфта, он муносибатҳоеро меноманд, ки асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, асосҳои ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори марзӣ-давлатӣ ва марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз рӯи усули таҷзияи ҳокимият, тартиби ташкилёбӣ ва  фаъолияти мақомоти давлатиро дар бар гирифта, бо меъёрҳои ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ-конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама:

  1. Халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Давлати соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  3. ВМКБ.
  4. Мақомоти давлатӣ;
  5. Вакилони халқ;
  6. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  7. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа.
  8. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
  9. Мақомоти марзии худидораи ҷамъиятӣ мебошанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи қонунҳо мебошад, яъне тамоми қонунҳо санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии Иқтисодӣ ва дигар мақомотҳои давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қонуни надаромадаи Тоҷикистон бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат кунанд.

Дар сурати ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зид будани қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии Маҷлси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии  Иктисодӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ онҳо аз ҷониби Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи муқарраркардаи қонун бекор карда мешаванд.

Салоҳияти ҳифзи конститутсия, ки ин салоҳият аз тарафи Суди  Коснтиутсионӣ ба амал бароварда мешавад.Тарзи ташкил ва фаъолияти Суди Конститутсионии Чумҳурии Тоҷикистонро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди  Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар охири баромади худ, Матлубзода М. ба ҳамаи афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии 03377 дар таҷлили рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барору комёбиҳо таманно намуда, барои  хизматӣ ҳарбӣ пешравиҳои назаррас таманно кард.

Дар навбати худ, котиби судии суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, лейтенанти калони адлия Ҳакимова М.В. қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми Конститутсияҳои мамлакатҳои мутараққи ҷаҳон мақоми намоёнро ишғол менамояд.  Аҳамияти муҳими таърихӣ ва байналмиллалии қонуни мазкур дар он аст, ки Тоҷикистон як қисми ҷудо нашавандаи ҷомеъаи ҷаҳони эълон карда шуда, тавассути кишвари мо воҳиди баробарҳуқуқии ҷомеаи байналмиллаилӣ буда, сиёсати хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллии давлат ба роҳ мемонад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, тамоми рукнҳои давлатро  барои амалан  таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул сохтааст. Инчунин дар таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нақш ва  мавқеъи ҳокимияти судӣ низ  бузург мебошад. Шоёни таҳсин аст, ки дар Конститутсия чун шохаи мустақили ҳокимияти судӣ  ва ворид намудани ислоҳот  дар ин сохтор, яъне қабули Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти ақидаҳои арзишнокии илми ҳукӯк ва таҷрибаи пешқадами судии кишвар қабул гардид ва бо қабули қонуни мазкур мақомоти судӣ дар кишварамон боз ҳам мустаҳкам гардид.

Дар фарҷоми баромади худ, лейтенанти калони адлия Ҳакимова М.В. ҳамкасбони худ, инчунин ҳамаи афсарону сарбозонро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба онҳо ва аҳли пайвандонашон саломатии бардавом, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои беназирро дар фаъолияти пурсамари хизматиашон орзу намуда, ҳамеша ба Ватан ва Президенти мамлакат содиқ буданро таманно кард.

Дар навбати худ, дар фарҷоми сухан, командири қисми ҳарбӣ полковник Файззода Б. ҳамаи иштирокчиёнро дар шахсияти намояндагони суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, барои ташриф оварданашон ба қисми ҳарбӣ сипосгузории худро изҳор намуда, онҳоро, инчунин сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкурро бо  ин рӯзи таърихи ва муқаддасу тақдирсоз табрику таҳният намуда, ба онҳо ҳаёти пур аз муҳаббати илҳомбахш, сулҳу суббот, иқболи нек ва саодати рӯзгорро орзу намуда, ба хизмати ҳарбиашон пешравиҳои беназирро таманно кард.

Дар охири ҷамъомади мазкур  аз тарафи сардори ситоди қисми ҳарбии 03377, подпоковники Л.Оқилов,  ба саҳми иштирокчиёни ҷамъомад, фармоиши командири қисми ҳарбии 03377 аз 04 ноябри соли 2021, таҳти №183 «Оиди ҳавасмангардонии ҳайати шахсии қисми ҳарбӣи 033777 расонидашуда, барои дастовардҳои бенуқсон, интизоми намудавӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба онҳо раҳматномаю ифтихорномаҳо супорида шуд.

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.