Ҷамъомад бахшида ба 30-Солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофонидани кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо ифтихорномаҳо.

Имрўз 15 сентябри соли 2021 дар суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бахшида ба 30-Солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Ҷамъомадро судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, полковники адлия Искандарзода Шаҳриёр ифтитоҳ намуда, ба саҳми кормандони суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд табрикномаҳои ҷузъу томҳои гарнизони Суғдро бахшида ба 30-Солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида, барояшон сиҳатмандӣ, хонаободӣ ва бо файзу шукўҳи Истиқлолият таманнои амалишавии тамоми орзуҳои нек ва тадбиқи нақшаҳои минбаъдааашонро баҳри рушди Ватани азизаамон таманно кард.

Сипас, дар ҷамъомади мазкур судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, полковники адлия Искандарзода Ш., ба якчанд нафар кормадони суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, Ифтихорномаҳое, ки аз ҷониби командири дивизияи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, барои  хизматҳои софдилона ва саҳми арзанда гузоштан дар чорабиниҳои давлатӣ, бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофонида шудаанд, супорид.

Лейтенанти калони адлия Раҳмонзода Шоҳмиддин

 

Капитани адлия Додихудозода Оятулло

Капитани адлия Искандарзода Илҳомҷон

Аз ҷумла, дар маҷлиси мазкур номаҳои табрикотии қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд ба саҳми иштирокчиёни расонида шуд.