«АДОЛАТИ СУДӢ – ПОЯГУЗОРИ  ДАВЛАТ»

30 — соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо шароит фароҳам овард, ки дар ҳама соҳа комёб бошем. Дар ин давра тамоми  соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, аз он ҷумла, иқтисодӣ, иљтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ҳамаҷониба рў ба тараққӣ ниҳоданд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки ҷашнҳои аҷдодӣ ва миллии худро ба ифтихори баланди ватандорӣ ва шукргузорӣ аз ваҳдату якпорчагӣ таљлил карда, ба таъриху фарҳанги қадима ва муосири ин халқи тамаддунофар арҷгузорӣ намоянд.

Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ як такони ҷиддӣ бахшид. Басо рамзист, ки дастрасии адлу адолат ба халқ аз роҳу равиши мухталиф ва ба василаи фаъолияти мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад. Дар байни мақомоти давлатӣ, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ба сифати аслу ҷавҳари адлу адолат таъмин менамояд, нақши  ҳокимияти судї муҳиму назаррас аст.

Воъқеан, ҳокимияти судӣ барои таъмини адолати иҷтимоӣ, қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хеле муассир мебошад, зеро маҳз бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми ноябри соли 1994, ки сарчашмаи он Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар кишвар амалияи консепсияи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ низ оѓоз ёфт.

Бояд изҳор кард, ки ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон адолати судиро амалӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақом ва манзалати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор иброз дошта буданд: “Конститутсияи кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд».

Воқеан, дар раванди созмон додани љомеаи шаҳрвандӣ нақш, эҳтиром, иҷро ва риояи қонун ниҳоят бузург аст. Ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми мављудияти худ адолати судӣ ва озодиҳои инсонро ҳадафи асосии худ қарор дод. Чун зина ба зина таърихи таъсисёбии мақомоти судиро дар кишварамон варақгардон намоем, дар рушду такомул, мустаҳкамшавии низоми он бохабар мегардем. Аён мегардад, ки дар марҳалаи соҳибистиқлолии кишвар он хеле мукаммал ва ҷавобгўи замони муосир буда, давра ба давра ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ таҳкими худро ёфтааст.

Бояд изҳор кард, ки дар татбиқи адолати судӣ, ҳимояву ҳуқуқи инсон албатта, саҳми кормандони мақомот хеле пурарзиш аст.

Судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд,

полковники адлия                                                           Шаҳриёр Искандарзода,

Мутахассиси суди ҳарбии

гарнизони Хуҷанд                                                           Мубина Матлубзода,

 

Мавзўъи «Адолати судӣ — поягузори давлат» дар рўзномаи «Ҳақиқати Суғд», таҳти №128 (18433) санаи 23 октябри сентябри соли 2021 ба чоп расидааст.