ВОХӮРИИ РАИСИ СУДИ ҲАРБИИ ГАРНИЗОНИ ХУҶАНД, ПОДПОЛКОВНИКИ АДЛИЯ АҲМАДЗОДА А., СУДЯ ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУД БО ҲАЙАТИ ШАХСИИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 05170 КӮШУНҲОИ ХУШКИГАРДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Санаи 07 июни соли 2024 Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, подполковники адлия Аҳмадзода А., судяи Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Иброҳимзода И.И., бо ҳамроҳии котибони маҷлиси судии Суди ҳарбӣ Мақсудиён С., майори адлия Искандарзода И. ва ёрдамчии раиси Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Раҳмонзода Ш. бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии 05170 Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯри доир намуда оиди Паёми навбати, ки 28 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамасола дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда оид ба пешбурди манфиатҳои сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодию саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мушаххас ба миён гузоштанд.
Бори дигар Паёми навбатиро ба ҳайати шахсӣ расонида суҳбату вохуриҳо доир намуда, машғулиятҳои назариявию семинарӣ гузарониданд.
Ҳамзамон ба саволҳои додашудаи ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ ҷавобҳои мушаххас доданд.