Баланд бардоштани маърифтаи ҳуқуқии шаҳрвандоне тамоми табақаҳои аҳолӣ ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ, ин аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза дар ҷомеаи муосир ба шумор меравад, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳадафи бунёдиву меҳварӣ ҳисобида мешавад, зеро Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 – «Соли марифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад.
Дар ҳақиқат, аз Паём бармеояд, ки тамоми структураи қонунгузории кишварамон аз Конститутсия сарчашма мегирад. Соли маърифтаи ҳуқуқӣ дар назди ҳар сокини мамлакат масъулияти бештар мегузорад, зеро риояи қонун аз оила, аз маҳалла, аз ҳар яки мо вобаста мебошад. Чунки Конститутсия сарчашмаи тамоми соҳаҳои мустақили ҳаёти мардумро фаро мегирад ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини тоҷикон дар асри нав мебошад. Бо ифодаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «амалӣ намудани меъёрҳои Конутситутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори давлатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем». Суханони Президенти кишвар моро уҳдадор менамоянд, ки қатъи назар дар кадом соҳа фаъолияти накунем, ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва вазифа, меъёрҳое, ки дар Конститутсияи кишвар ифода ёфтаанд, аз рӯи он бояд амал намоем.
Мусаллам аст, ки бе иштироки шаҳрвандони фаъол, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд, бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон аст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, ба асли риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф ва муқаррар намудааст.
Шоҳмиддин Раҳмонзода,
Ёрдамчии раиси Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд.
Фахриддин Аъзамзода,
Котиби маҷлиси судии Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд
Мавзӯъи Ҷавҳари ҷомеаи муосир» дар Рӯзномаи «Шӯълаи умед» таҳти №10(595) санаи 01 июни соли соли 2024 ба чоп расидааст.