«ДОНИШИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН БОЛО МЕГАРДАД».

Дар Паёми навбатии хеш Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».
Дар ин самт фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» ба тасвиб расид. Он бахшида ба ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки баҳри ғанӣ гардонидани дониши ҳуқуқиашон мусоидат намояд.
Ҳамзамон, мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи марифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмини волоияти қонун, ташаккули низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкили механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Ҳамзамон, Сарвари давлат таъкид намуданд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад». Хотирнишон бояд кард, ки эмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маърифати баланди ҳуқуқиро тақозо менамояд, бидуни он арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, аз қабили волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодӣ, ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд комилан амалӣ шаванд.
Эълон гардидани соли 2024-ум чун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои азхуд намудани донишгоҳҳои ҳуқуқӣ, эҳтирому риояи Конутситутсия ва дигар қонунгузории амалкунандаи мамлакат аз ҷониби шаҳрвандон ва дар раванди эъмори давлати ҳуқуқбунёд саҳм гузоштани онҳо натиҷаҳои назаррасро ба бор хоҳад овард. Марифати ҳуқуқӣ ба шахс имкон медиҳад, ки дар шинохти воқеии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаю уҳдадориҳо муваффақ гардад.
Дар шароити вусъат пайдо намудани ҷаҳонишавӣ ва рушди равандҳои демократӣ аҳамияти маърифатнокии ҳуқуқӣ бамаротиб боло рафтааст. Моҳиятан, дар замоне, зиндаги дорем, ки ҳар шаҳрванд бояд ба мавқеи мустақили шаҳрвандӣ шахсияш муносибати бошуурона дошта бошад ва ба равандҳои гуногуни ҷамьиятӣ бохирадона муносибат намояд. Дар чунин шароит маҳз донишҳои ҳуқуқии зарурӣ, устувории иродаи сиёсӣ ва мафкуравӣ метавонанд фаъолияти шахсро дар доираи муайянкунандаи қонун ва тартибот таъмин созанд.

Акрам Аҳмадзода,
Раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд,
подполковники адлия

Мавзӯъи «Дониши ҳуқуқии шаҳрвандон боло мегардад» дар Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» таҳти №62(18833) санаи 23 майи соли 2024 ба чоп расидааст.