ВОХӮРИИ РАИСИ СУДИ ҲАРБӢ, СУДЯИ СУДИ ҲАРБӢ ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДИ ҲАРБИИ ГАРНИЗОНИ ҲУҶАНД БО ҲАЙАТИ ШАХСИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 07746 ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 08 майи соли 2024 аз ҷониби Раиси Суди ҳарби гарнизони Хуҷанд, подполковники адлия Аҳмадзода А., судяи Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Иброҳимзода И.И., сардори шуъбаи Суди ҳарбӣ, майори адлия Холзода М.Ш. ва котиби маҷлиси судии Суди ҳарбӣ, майори адлия Искандарзода И.С. ба қисми ҳарбии 07746 ташриф оварда, дар маҷлисгоҳи қисми ҳарбӣ бо ҳамаи ҳайати шахсии хизматчиёни ҳарбӣ доир ба мавзуъҳои моҳияти хизмати ҳарбӣ, эҳтиром ба ватан, интизоми ҳарбӣ, одоби хизматчиёни давлатӣ, содиқ мондан ба савганди ҳарбӣ, ифтихорманд будан нисбат ба либоси низомӣ, шомил нагаштани онҳо ба ҳаргуна равияҳои ифротӣ ва гуруҳҳои тундрави террористи-экстремисти, риояи талаботҳои қонунҳои амалкунанда баромад намуданд.
Ғайр аз ин номбурдаҳо бо ҳар як сарбозон суҳбат гузаронида, ба саволҳои аз тарафи хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбӣ додаашон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд, ки ин фаҳмиши онҳоро боз ҳам устувору мустаҳкам намуд.