ВОХӮРИИ СУДЯИ СУДИ ҲАРБИИ ГАРНИЗОНИ ХУҶАНД ИБРОҲИМЗОДА И.И. ВА ЁРДАМЧИИ РАИСИ СУД, КАПИТАНИ АДЛИЯ РАҲМОНЗОДА Ш. БО ҲАЙАТИ ШАХСИИ ҶУЗЪУ ТОМҲОИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 0215 ҚС КДАМ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Санаи 06 марти соли 2024 судяи Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Иброҳимзода И.И. ва ёрдамчии раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, капитани адлия Раҳмонзода Ш.В., бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбату вохӯрӣ гузаронида, ба ҳайати шахсӣ вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ сухапнронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Презимденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Ҳамзамон, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 дар арафи ҷашнгирии 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори ин санаи бисьёр муҳими таърихӣ соли 2024-ро «Соли маърифтаи ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Ҳамчунин, ба ҳайати шахси оиди пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан дар мавзӯи доманги ҷомеа, яъне пешгирии ҷавонон аз ҷалбшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ, эктремистӣ-террористӣ ва ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар охир ба саволҳои додашуда, аз тарафи судяи Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Иброҳимзода И.И ва ёрдамчии раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, капитани адлия Раҳмонзода Ш.В. ҷавобҳои муфиду судманд дода шуд.