Раиси Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, подполковники адлия Аҳмадзода А., бо ҳамроҳии котиби маҷлиси судии суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, майори адлия Искандарзода И.С. санаи 21 феврали соли 2024 ба қисми ҳарбии 07746 қӯшунҳои хушкигарди қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар маҷлисгоҳи қисми ҳарбӣ бо ҳамаи ҳайати шахсии хизматчиёни ҳарбӣ, сарбозон ва сержантон доир ба мавзуҳои Паёми Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шомил нагаштани ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ, гуруҳҳои ифротгароӣ, муносибати ғайриоинномавии хизматчиёни ҳарбӣ, шинос намудан боби 33-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ ва даст назадан ба худкушӣ, содиқ мондан ба Ватан, Одоби хизматчиёни давлатӣ, танзиму анъана ва ҷашну маросим ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитон дар бораи масъулияти падару модарр дар тарбияи фарзанд баромаду вохурӣ доир намуданд.
Дар рафти суҳбат боз такроран қайд намуданд, ки махсусан сарбозон бо ҳамдигар муносибатҳои дустона дошта бошанд, ба миллатгароӣ ва маҳалгароӣ роҳ надиҳанд.
Ғайр аз ин раиси Суди ҳарбӣ, подполковники адлия Аҳмадзода А. бо ҳар як сарбозон суҳбат гузаронида, хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбӣ ба саволҳои додаашон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд, ки ин фаҳмиши онҳоро боз ҳам устувору мустаҳкам намуд.